Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панислозим

Панислозим

Панислозим, идеологияи динию сиёсиест, ки исломро чун воситаи таъмин намудани умумияти фавқулмиллӣ, фавқулсинфии пайравони он истифода бурда, муттаҳидшавии сиёсии мусулмонҳоро бо сарварии халифа аз ҳама гуна иттиҳоди дигари давлатию сиёсӣ авлотар медонад. Панисломизм чуй ҷараёни сиёсӣ дар солҳои 90 асри 19 ташаккул ёфтааст. Дар ибтидои асри 20 пурзуршавии истисмори капиталистӣ, мустамликагардонии мамлакатҳо боиси зуҳур ёфтани Панисломизм  гардидааст.

Зеро мамлакатҳои сусттараққикардаи Шарқи Миёна ва Наздпик ба фишори давлатҳои империалистӣ тоб оварда натавониста, динро чун омили муттаҳидкунии мусулмонон истифода бурдаанд. Иде­ологи аввалини Панисломизм Ҷамолуддини Аф­ғоанӣ буд. Туркия, ки мамлакати нисбатан тараққикардаи он давр буд, ба маркази олами ислом табдил ёфт. Ҳокимони турк худро «хомиёни ола­ми ислом» эълон карда, мекушиданд Панисломизмро ба мақсадҳои сиёсии худтобеи Туркия кардани мамлакатҳои мусулмон истифода баранд. Аъёну ашрофи маҳаллӣ, қисми иртиҷоии рӯҳониёни мусулмони Осиёи Миёна бошанд, даъвоҳои панисломии ҳокимони туркро дастгирӣ мекарданд.

Ҳифзи истиқлолияти давлатҳои феодалӣ ва бунёди марказу ташкилотҳои сиёсии мусулмонӣ, ки мебоист ба устуворшавии ҳукмронии феодалҳо мусоидат мекард, моҳияти асосии Панисломизмро ташкил медод. Идеологҳои Панисломизмро барои ҳақ баровардани даъвоҳои сиёсии худ аз чунин далелҳо истифода ынабурданд: олами масеҳи (Ғарб) бо мақсади нест кардани давлатҳои мусулмон ба муқобили Шарқ алалхусус, бар зидди ислом муттаҳид шудаанд; исломро бад дидан хислати халқҳои масеҳист ва ғайра. Бинобар ин мусулмонон бо мақсади таъмини истиқлолияти ислом бояд иттифоқи ҳимояи мусулмонони тамоми ҷаҳонро ташкил кунанд.

Аммо тарғиби ғояи дар асоси ислом муттаҳидшавии мусулмонон ба якшавии миллату халқиятҳои мазлуми Шарқ ва муборизаи онҳо бар зидди мустамликахоҳони аҷнабӣ халал мерасонд. Дар ибтидои асри 20 ин зиддият боиси он гардид, ки Панисломизм моҳияти зиддимустамллкавии худро гум карда, ба яроқи ғоявии пешбарии сиёсати иртиҷоли синфҳои ҳукмрон табдил ёфт. Ин буд, ки пайравони Панисломизм дар Осиёи Миёна бар зидди Россия бархоста, ниятҳои моҷароҷӯёнаи Туркияро тарафгирӣ карданд.

Моҳияти иртиҷоии Панисломизм махсусан дар арафаи револютсияи пролетарӣ равшан зуҳур ёфт. Панисломизм ба монеаи асосии мут­таҳидшавии интернатсионалии меҳнаткашони Осиёи Миёна ва пролета­риати Россия, ташаккули шуури револютсионии онҳо табдил ёфт. Синф­ҳои истисморкунамда мехостанд бо ёрии Панисломизм муборизаи озодихоҳии миллӣ ва синфии меҳнаткашонро ба муборизаи  динӣ табдил диҳанд. Рӯҳониёни мусулмон бо ин мақсад ҳамаи мусулмонони Осиёи Миёнаро ба муборизаи зидди «кофирон» даъват намуда, дар байли халқҳои гуногун тухми кину адоват мекоштанд. Ташкилотҳои буржуазию миллатчигии «Шӯрои исломия» ва аксулинқилобии «Шӯрои уламо» бо ҳамин мақсад таъсис шуда буданд.

Ташкилотҳои мазкур дар вуқӯи ҷанги гражданӣ ва ҳаракати босмачигарӣ мавқеи муайяни иртиҷоӣ доштанд. Алалху­сус, шиорҳои авомфиребонаи онҳо дар бораи «озодии миллат», «мухторияти миллӣ», «ташкили давлати ягонаи исломӣ» ва ғайра ба бедории шу­ури меҳнаткашон монеае гардид. Маҳз аз ҳамил сабаб соли 1917 аз рӯи принсипи миллию динӣ дар Хуҷанд «Иттифоқи депутатҳои ақибгоҳ», «Иттифоқи Коргарони рус», «Иттифоқи коргарони мусулмон», дар Са­марқанд «Иттифоқ», дар Қӯқанд «Иттифоқи мусулмонони меҳнаткаш» ва ғайра ташкил карда шуданд. В. И. Ленин моҳияти зиддихалқии Панисломизм ва ба ин монанд ҷараёнҳоро ошкор сохта, навиштааст, ки онҳо «…ҳаракати озодихоҳии зидди империализми Европа ва Америкаро бо мустаҳкам намудани мавқеи хонҳо, помешикон, муллоҳо ва ғайра пайваст карданӣ мешаванд» (Ленин В. И., Ас., д. 31, саҳ. 146). Партияи коммунистӣ нишондодҳои В. И. Ле­нин ро сармашқ карда, барои муттаҳид намудани қувваҳои демократии Осиёи Миёна ва аз банди таъсири бою рӯҳониён раҳо намудани онҳо мубориза бурд.

Инак, соли 1917 бо ташаббуси «Иттафоқи коргарони рус» тамоми ташкилотҳои меҳнаткашони миллатҳои гуногуни ноҳияи шимоли Тоҷикистон дар як ташкилот муттаҳид шуданд. Ба миллату халқиятҳои гуногун додани хуқуқи худмуайянкунӣ, нест кардани ҳама гуна имтиёзҳои миллию динии онҳо, халқҳоро на аз рӯи мансубияти динию мазҳабӣ муттаҳид намудан, балки инкишофи мустақилона ва озодонаи онҳоро таъмин кардан, пропагандаи ғояи дӯстию бародарӣ, ҳамкорию ёрии ҳамдигарии халқҳо, ба муқобили таасуби динӣ ва ҷараёнҳои иртиҷои суботкорона мубориза бурдан — ин ҳама тадбирҳои сари вақтию, муҳимми партия буданд, ки накшаҳои ха­тарноки Панисломизмро барбод дода, онро чун идеологияи иртиҷоӣ махв кард.

Панисломизмро дар арафа ва рафти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба ягонагии сафҳои ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ таъсири манфӣ расонда, манфиатҳои синфии империализмро дар Шарқ ҳифз намудааст. Он имрӯза ҳам монеаи якдилии халқҳои Осиё ва Аф­рика ва инкишофи афкори ҷамъиятии мамлакатҳои мусулмон, ташаккули шуури худшиносии синфию миллии онҳо мебошад.

Ад.: «Мир Ислама», т. 2, в. 9, СПБ, 1913; История таджиконого народа, т. 3, ин. 2, М., 198А; Шарапов И., Предпо­сылки преобразования общественных от­ношений в Таджикистане на пути нека­питалистического развития, ч. 1, Д.. 1973; ха мо и му а л л.. Преобразова­ние социально-политических отношений в Таджикистане на пути некапиталисти­ческого развития, ч. 2, Д., 1976.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …