Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Панфилов Иван Василевич

Панфилов Иван Василевич

Панфилов Иван Василевич (1. 1. 1893, шаҳри Петровски вилояти Саратови ҳозира —19. 11. 1941, деҳаи Гусковои райони Волоколамскии вилояти Мо­сква), лашкаркаши советӣ, гене­рал-майор (1940), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (12. 4. 1942, баъди вафоташ). Аъзои КПСС аз соли 1920. Дар сафи Армияи  Сурх аз соли 1918. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ (1918—1920). Мактаби олии ҳарбии муттаҳидаи Киевро хатм намуд (1923), командири баталён ва полк буд.

Соли 1937 сардори шӯъбаи штаби Округи ҳарбии Оси­ёи Миёна, 1938 — Комиссари ҳарбии РСС Қиргизистон. Дар давраи Ҷалги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) аз июли 1941 ба дивизияи тирандозии 316-ум дар фронтҳои Шимолу Ғарбӣ ва Ғарбӣ фармондеҳи мекард. Дар ҷангҳои мудофиавии назди Москва октябр— ноябр 1941 ҷанговарон ва командирони ин дивизия таҳти фармондеҳии Панфилов қахрамонии оммавӣ нишон доданд. 19 ноябр Панфилов дар ҷанг ҳалок шуд. Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи

Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст. Панфилов дар қабристони Новодевичеи Москва дафн шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …