Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пандномаи 3ардӯшт

Пандномаи 3ардӯшт

«Пандномаи 3ардӯшт» [но­ми дигараш ба забони паҳлави «Ч и- докандарзипаредкешон »— «Чидаҳои (мунтахаби) андарзҳои доноёни пешгузаштаи дин»], яке аз ёдгориҳои адабиёти паҳлавӣ, пандномаест аз таълифоти Зардушт — писари Озарбади Маураспандон. Тақрибан дар асрҳои 4—5 иншо шудааст.

«Пандномаи 3ардӯшт» чунон ки аз ҷумлаҳои аввалинаш бармеояд  дастуре буд оид ба асосҳои зардуштия ва шарҳу баёни матолиби динӣ ба тарзе ки доноёни пешин (бузургони пешгузаштаи дини зардӯштӣ) истиқрор карда буданд. Хусусияти дигари «Пандномаи 3ардӯшт» ин аст, ки дар китоб ҳаъйатҳои «бишнавед…», «гӯш фаро доред…» ва ғайра истифода шудаанд, ки суханони муаллифро пуртаъсир мекунанд. Қисмати охири «Пандномаи 3ардӯшт» манзумаест ба забони паҳлавӣ (форсии миёна):

Дорам андарзе аз доноён,

Аз гуфтаи пешиниён.

Ба шумо бигузорам

Ба ростӣ андар ҷаҳон.

Ба гетӣ густох мебошед,

Бас орзу андар ҷаҳон.

Чӣ гетӣ ба нас набинҳиштаанд,

На кӯшку на хонумон…

«Пандномаи 3ардӯшт» ба ғайр аз матолиби динӣ, андарзу ҳикматҳои амалии барои ҳар як фарди ҷомеаи онрӯза зарурро дарбар гирифтааст. Дар асар инчунин қиссаву ривоятҳои асотирӣ, қиссаҳои паҳлавонону шоҳони Эрони қадим маҳфуз мондаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …