Маълумоти охирин
Главная / Илм / Панднома

Панднома

Панднома, маҷмӯи панду ҳикмат ва насиҳату андарзҳо оид ба тарғиби ахлоқи нек ва накӯҳиши ахлоқи бад, масъалаи давлатдорӣ, мазҳаб ва сиёсат, ки чун рисолаю китоб ва маҷмӯаҳои алоҳида ё бобу фасли асарҳои калони фалсафӣ, ахлоқӣ, ҳикмат, сиёсат, тасаввуф, дастурҳо ва ғайра мураттаб карда мешаванд. Ин навъи адабиёт (манзум ва мансур) дар замонҳои қадим дар Юнон, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Хитой, Япония ва ғайра вуҷуд доштааст.

Пандномаҳои эронӣ дар аҳди шоҳони Эрони бостонӣ дар замани Сосониёя, хоса давраи подшоҳии Хусрави Анушервон (531—578), ривоҷ доштаанд. Дар «Ал-Феҳрист» 14 китоби Пандномаҳои паҳлавӣ номбар шудааст. Дар дав­раи навини адабиёти форс-тоҷик (асриҳои 9—15) Пандҳои сосонӣ бо Пандҳои юнонӣ, ҳиндӣ ва арабӣ омезиш ёфта, дар шаклҳои гуногун давом кардаанд, ки машҳуртарини онҳо порчаҳои боқимондаи «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ, «Офариннома»-и Абушакури Балхӣ, «Зафарнома»-и Абӯалӣ ибни Сино, бахшҳои «Пандномаи Анушервон» ва «Пандномаи Бузургмеҳр»-и «Шоднома»-и Фирдавсӣ мебошанд.

Дар давраҳои охир (баъди асри 15) маҷмӯае бо номи «Пандномаи Бузургмеҳр» дучор мешавад, ки омехтаи ин Пандномаҳо буда, аз саволҳои Бузургмеҳр ва ҷавобҳои Арасту иборат аст. Бахшҳои Пандномаҳо дар асарҳои Носири Хисрав, Низомӣ, Саъдӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ низ вомехӯранд. Қиоматҳои насиҳат ба фарзанд, насиҳат ба подшоҳон дар маснавию китобҳои ахлоқӣ, бахшҳои ҷудогона аз «Қобуснома», «Сиёсатнома» низ ба ҳамин навъи адабиёт дохил мешаванд.

Пандномаҳо ба се гурӯҳ тақсим меша­ванд: Пандномаҳои умумӣ, ки барои ҳукмронҳо ва ашрофзодагон навишта шудаанд («Қобумнома», «Сиёсатнома», «Насиҳат-ул-мулук»); Пандномаҳое, ки барои ҷавонмардон навишта шудаанд («Панднома»-и Шайх Аттор) ; Пандҳое, ки барои фарзандон навишта шудаанд (Низомӣ, Ҷомӣ). Аммо ҳамаи ин Пандномаҳо ҷанбаи умумиинсонӣ доранд, зеро онҳо бо манфиати шахсони алоҳида ё гурӯҳи одамон маҳдуд намешаванд.

Пандҳои хеле барҷастаи Пандномаҳо дар шакли мақолу зарбулмасал, латифа ва беш аз ҳама ҳикматҳои халқи басе машҳур гардида, кайҳо боз ҷузъи адабиёти лафзии халқ қарор гирифтаанд. Пандномаҳои форсию тоҷикӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, забонҳои туркӣ, арабӣ ва ғайра тарҷумаю нашр шуда­анд.

Ад.: Абулкосиш! Фнрдавсй, Шохнома, Ч11лдхои 1—9, Д., 1964;

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …