Панданус

Панданус, пандан (Pandanus), ҷинси растаниҳои якпаллагиест за оилаи панданиҳо. Растании сершохи дарахтмонанд. Ба­ландиаш 10 —15 м, баъзан то 25 м. Аз қисми поёнин та­на ва шохҳояш решаҳои иловагӣ мебарорад. Қисми поё­нии тана баъзан нобуд мешавад, аммо растанӣ тавассути ин решаҳо мавҷдияти худро давом медиҳад.

Барги дарозрӯяи сахт (дарозиаш 3— 4 од, бараш 10—15 см), меваи донакдор дорад. Гулҳояш якҷинса буда, тӯдагули сута ё баъзан туғшаклро ташкинл медиҳанд. Қариб 600 намудаш асосан дар ноноҳияҳои  тропикии Нимкураи шарқӣ дар соҳилҳои баҳр, дарё, ҷангалҳои намноки тропикӣ мерӯяд. Баъзе намудҳои Панданусро аз он сабаб мепарваранд, ки меваашон пурғизо ва баргашон нахдор аст (аз нахи онҳо матои техникӣ, чӯтка, ресмон ва ғайра тайёр, мекунанд).

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …