Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пандаи хурд

Пандаи хурд

Пандаи хурд (Ailurus fulgens), ҳайвони ширхорест аз оилаи енотҳо. Дарозии танаш 51—64 см, думаш 28— 48 см, вазнаш 3 —4,5 кг. Пашмаш ғулии мулоим. Ра­нги танаш аз боло зардча, аз таг сурхи сияҳтоб.

Думаш ҳалқанақш, сараш нақши ниқобмонанд дорад. Дар қисми ҷанубу- ғарби Хитой, Бирмаи Шимолӣ ва Непал зиндагӣ мекунад. Дар кӯҳҳо (2—4 ҳазор м) вомехӯрад. Дар бешаи хайзурон маскун аст. Шаб мегардад, рӯз дар ковокии дарахтон паноҳ мебарад. Хӯроки асосиаш растанӣ ва баъзан ҳайвоноти хурди мӯҳрадор. Соле 1—2 бача мезояд. Зуд ром мешавад. Пандаи калонро хирси хайзурон гӯянд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …