Маълумоти охирин

Панчатантра

«Панчатантра» (санскр. «Панҷ киггоб»), ёдгории адабиёти санскрит. тақрибан дар асрҳои 3—4 мураттаб гардида, вале то замони мо вариантҳои дар асрҳои баъдина мураттабшудааш расидаанд. Чунонки дар «Панчатантра» омадааст, он аз тарафи Вишну Шарман ном ҳакиме барои тарбияи шоҳзодагону асилзодагон ва дарси ҳаёт омӯхтану таҷрибаи зиндагӣ андухтанашон таълиф ёфта буд. «Панчатантра» аз панҷ китоби тамсилу афсонаҳо дар бораи ҷонварон иборат буда, ҳар китоб ба шакли қисса андар қисса мураттаб гардидааст. Бо истифодаи сюжетҳои фолклорӣ, аз ҷумла сюжетҳои дар адабиёти ҷаҳон паҳнгардида, дар «Панчатантра» зиндагии мардуми Ҳинд тасвир ёфтааст.

Дар образи ҷонварон типҳои гансолӣ амал мекунанд; нобаробариҳои иҷтимоӣ, беадолатӣ, ҳирси молу ҷоҳпарастӣ, фисқу фасоди табақаи доро танқиду мазаммат шудааст. «Панчатантра» аз дигар осори адабиёти Ҳинди Қадим бо он фарқ мекунад, ки аз обуранги динӣ холист. Рӯҳи озодфикрӣ, қикмати безаволи халқ, иттиҳоди заифону нотавонон ба муқобили зӯроварон саросари «Панчатантра»-ро фаро гирифтааст. «Панчатантра» дар кишварҳои гуногуни олам паҳн гардида, ба адабиёти умумиҷаҳонӣ таъсири зиёд намудааст. Дар миёнаи асри  6 «Панчатантра» ба забони паҳлавӣ (форсии миёна) ва аз паҳлавӣ ба суриёнӣ (570) ва арабӣ (750) тарҷума шуд.

Тарҷумаи арабии «Панчатантра», ки бо номи «Калила ва Димна» машҳур аст, асоси тарҷумаҳои юнонӣ, испанӣ, ибронии қадим ва ғайра қарор гирифтааст. Рудакӣ Калилаву  «Димна»-ро дар асри 10 ба забони форсии дарӣ-тоҷиуӣ ба риштаи назм кашид. Баъд аз ин дар асри 12 тарҷумаи дигари он ба наср анҷом ёфт ва аз он дар асри 15 ба забони туркӣ тарҷума гардид. Умуман 200 тарҷумаи «Панчатантра» ба 60 забон маълум аст. Дар Ҳиндустон «Панчатантра» ба забонҳои гуногун тарҷума шуда, сюжетҳои он дар қиссаву достонҳои афғонавии Сомадева, Кшемендра, маҷмӯаи тамсилоти «Ҳунтонадеша» ва ғайра истифода гардидаанд.

Нашр.: Панчатантра, пер. с санскр. и прим. Л. Я. Сыркппа, М., 1958.

Ад.: Г р и н ц е р» П. Л., Дривиеиндий­ская проаа, М., 1903.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …