Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Панамагиҳо

Панамагиҳо

Панамагиҳо, халқ, аҳолии асосии Панама. Шумораашон бештар аз 1,7 млн. нафар (1978). Ба забони испанӣ гап мезананд. Аз ҷиҳати антропологӣ қисми зиёди Панамагиҳо (тақрибан 70%)— дурага ва мулатҳо, авлоди колонистҳои испанӣ (асрҳои 16—18) ва халқҳои дертар муҳоҷиршудаи Европа (италиявиҳо ва дигарон) мебошанд, ки бо аборигенҳо— ҳиндиёни маҳаллӣ ва зангиҳои аз Африка омада омехта шудаанд.

Аксарияти диндорои католиканд, як қисмашон про­тестант. Машғулияти асосии Панама — деҳқонӣ (банан, какао, шоликорӣ, ҷуворимаккапарварӣ). Доир ба таърих, хоҷагӣ ва маданият ниг. Пана­ма.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …