Маълумоти охирин

Панама

Панама (Рanama), Республикаи Панама (Republic of Panama), давлатест дар Америкаи Марказӣ, дар гарданаи Панама. Дар IIIарқ ва Ҷанубу Шарқи бо Колумбия, дар Ғарб бо Коста-Рика ҳамсарҳад аст. Аз Шимол онро баҳри Кариб, аз Ҷануб уқёнуси ром иҳота кардаанд. Масоҳаташ 77,08 ҳазор км2 (бо зонаи канали Панама). Аҳолиаш 1,94 млн нафар 1980). Пойтахташ —шаҳри Панама. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 9 музофот тақсим шуда аст.

Сохти давлатӣ. Панама— республика, мувофиқи конститутсиям соли 1972 ҳокимияти қонунбарор дар ихтиёри Ассамблеяи миллӣ мебошад, ки он президентро ба мӯҳлати 6 сол интихоб мекунад.

Ба системаи судӣ Суди олӣ дар ҳайати 9 нафар аъзо, ки онҳоро ҳокимияти иҷроия таъин менамояд, сардорӣ мекунад.

Табиат. Панама дар қисми аз ҳама камбари Америкаи Марказӣ (аз 48 то 200 км) ҷойгир аст. Соҳилҳои он асосан пастанд. Соҳилҳои уқёнуси Ором серхалиҷ ва серҷазираанд. Нисфи территорияи Панама пастӣ буда, боҷимондаашро кӯҳҳо (баландиашон то 3475 м) ишғол кардаанд. Зуд-зуд зилзила рӯй медиҳад. Иқлимаш субэкваторӣ, гарм ва сернам, ҳаророрати миёнаи моҳона 25—28° С. Боришоти солона 2500—3700 мм. Дар Панама дарёҳо бисёранд ва онҳо захираи калони гидроэнергетикӣ доранд, аммо киштигард нестанд.

Аҳолӣ. Аҳолии асосӣ — панамагиҳо. Сокинони маҳаллӣ — ҳиндиён дар соҳилҳои шимолу шарқии Панама ва ҷангалҳои ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ, инчунин дар ноҳияҳои кӯҳии ғарбӣ ба миқдори кам боқӣ мондаанд. Ҳамчунин хитоиҳо, гражданинҳои ШМА ва дигарон зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — испанӣ. Дини ҳукмрон — католики, қисми ками олӣ пайрави мазҳаби нротестантист. Шаҳрҳои калон: Панама, Колон.

Очерки таърихӣ. Дар Панама то омадани мустамликадорони Испания зиёда аз 60 қабилаи ҳиндуёя зиндагӣ мекард. Панамаро соли 1501 конкистадори испанӣ Родриго де Бастидас кашф кард. X. Колумб соли 1502 дар резишгоҳи дарёи Белен деҳаи Санта-Мария-де Беленро бунёд кард, вале дере нагузашта онро ҳиндуён вайрон карданд. Мустамликадорони испанӣ соли 1509 дар соҳили халиҷи Дарёи колонияи нав ва соли 1519 шаҳри Панамаро бунёд карданд. Панама солҳои 1542—1565 тобеи генерал-капитании Гватемала, то 1718 дар ҳайати ноиб-шоҳии Перу, сонитар ноиб- шоҳии Гранадаи Нав буд.

Солҳои 1810—1826 ҷанг барои истиқлолияти мустамликаҳои испанӣ дар Америка вусъат ёфт. Ноябри 1821 шӯриш гарданаи Панамаро низ фаро гирифт. Дастаҳое, ки С. Боливар (роҳбари муборизаи миллию озодихоҳии Гранадаи Нав ва Венесуэла) фиристода буд, ба шӯришгарон ҳамроҳ шуданд. Баъди ҷангҳои шадид 28 ноябри 1821 Панама аз тобеияти Испа­ния баромадани худро эълон кард ва ба Гранадаи Нав ҳамроҳ шуда дар ҳайати он узви Республикаи федеративии Колумбияи Кабир гардид. Соли 1830 Колумбияи Кабир барҳам хурд ва Панама ҳамчун департамент ба ҳайати республикаи Гранадаи Нав дохил шуд (аз соли 1886 Колумбия).

3 ноябри 1903 истиқлолияти сиёсии Республикаи Панама эълон шуд. Вале худи ҳамон моҳ Панама маҷбур шуд бо ШМА шартномае бандад, ки мувофиқи он территорияи Панама, ки дар он ка­нал сохта мешуд, «абадан» ба их­тиёри ШМА мегузашт. Соли 1904 кон­ститутсиям Панама қабул шуд, ки он ба ШМА ҳуқуқ медод дар ин мамлакат қушунҳояшро ҷойгир кунад.

Онҳо барои фурӯ пишондани хуруҷҳои зидди империалистии халқи Панама борҳо истифода бурда шуданд. Соли 1928 аввалин иттифоқҳои касабаи Панама ташкил ёфтанд. Соли 1930 гурӯҳҳои коммунистӣ ба Партияи Коммунис­тии Панама муттаҳид шуданд.

Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонии солҳои 1929—1933 иқтисодиёти мамлакатро хароб ва муносибатҳои ШМА ва Панамаро бештар тезу тунд кард. Панама солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) ба Япония, Германия, Италия (1941) расман ҷанг эълон кард; май 1942 бошад, бо ШМА шартнома баста, 15 ҳазор га замини худро ба он барои сохрани базаи ҳаарбӣ ба иҷора (то охири ҷанг) дод. Муборизаи собитқадамонае, ки халқи Панама солҳои 1947— 1949 барои барҳам додани базаҳои ҳарбӣ бурд, ШМА-ро маҷбур кард, ки заминҳои солҳои ҷанг иҷора ги­рифтаашро ба Панама баргардонад.

Ғалабаи Револютсияи Куба (1959) ба инкишофи муборизаи миллию озодихоҳии халқи Панама мусоидат кард. Соли 1959 — ибтидои солҳои 60 намоишҳои умумихалқӣ ба вуҷуд омаданд ва иштирокчиёни онҳо аз америкоиҳо баргардондани зо­наи канали Панамаро талаб карданд. Аскарони америкоӣ намоиши онҳоро тирборон намуданд. Бо талаби халқ ҳукумати Панама алоқаи дипломатиашро аз ШМА канд. 11 октябри 1968, баъди табаддулоти ҳарбӣ, ге­нерал О. Торрихос Эрреро ба сари ҳокимият омад. Хунтаи ҳарбӣ бо сардории Торрихос конститутсияро бекор, Ассамблеяи миллиро пароканда ва фаъолияти тамоми партия­ҳои сиёсиро манъ кард.

Соли 1970 баъ­ди аз сари ҳокимият дур кардани як қатор аъзоёни реаксионии хун­та ҳукумати нави Панама доир ба зироаткорӣ, маориф, маҳдуд намудани даромади монополияҳои хориҷӣ ва ғайра юслоҳот гузаронд. Мулки 58 заминдори калон мусодира карда шуд. Соли 1972 ширкати калони электроэнергетикии америкоӣ «Фуэрса и лус» миллӣ кунонида шуд. Августи 1972 интихоботи Алсамблеяи миллӣ гузаронда шуд ва бори аввал дар таърихи мамлакат намояндагони халқ ба он интихоб гардиданд. Ассамблеяи миллӣ сентябри 1972 конститутсияи навро маъқул донист.

Соли 1978 дар мамлакат просесси дигаргунсозиҳои прогрессисӣ давом кард. Барои тайёр кардани лоиҳаи қонуни аз нав барқарор намудани фаъолияти партияҳои сиёсӣ комиссияи махсус ташкил ёфт. Дар кори комиссия коммунистони Панама низ иштирок карданд. 18 апрели 1978 се­ната ШМА Шартномаи навро дар бораи канали Панама тасдиқ намуд. Шартномаи мазкур то соли 2000 ба республикаи Панама додани канали Панама­ро пешбинӣ менамояд.

Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Сентябри 1978 дар бораи легалӣ кунондани партияҳои сиёсӣ қонун баромад. (Фаъолияти партияҳои си­ёсӣ аз соли 1968 манъ шуда буд). Пар­тияи револютсионӣ -д е м о к- р а т ӣ (ПРД; таъсисаш 1978). П а р т и я и  п а н а м и с т ӣ (ПП; таъсисаш асри 19). Партияи халқии Па­нама (ПХП)—партияи коммунистони Панам,таъсисаш 1930. Конфедера­тсияи меҳнаткашони Пана­ма (таъсисаш 1950). Мар кази миллии иттифоқҳои к а с а баи меҳнаткашони Пана­ма (таъсисаш 1970).

Хоҷагии қишлоқ. Панама мамлакати аграрист. Xоҷагии қишлоқи он бо зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул аст. Экспорта асосии мамлакат банан аст. Бананзорҳо асосан дар соҳилҳои уқёнуси Ором воқеанд. Соли 1980 1050 ҳазор т. банан ҷамъоварӣ карда шуд. Қисми зиёди маҳсулотро ҳунармандони хурд медиҳанд. Панама ба хориҷа қаҳва, какао, найшакар мебарорад. Шолӣ, ҷуворимакка, тамоку, пахта ва ғайра парвариш карда мешавад. Мамлакат соли 1525 ҳазор гов, 195 ҳазор хук ва 165 ҳазор асп дошт. Паррандапарварӣ низ тараққӣ кардааст. Аз ҳайвонҳои баҳрӣ креветка (харчанги баҳрӣ) шикор мекунанд.

Саноат. Саноат суст тараққӣ кар­дааст. Корхонаҳои хурд бештаранд. Иқтидори стансияҳои электрӣ — 550 ҳазор кВт (1979). Корхонаҳои саноатӣ асосан бо коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ машғуланд. Корхонаҳои пойафзоли чармӣ, дӯзандагӣ, коғазу картон, мебелу фанер ва ғайра мавҷуданд. Дар Лас-Минас заводи софкории нефт кор мекунад.

Нақлиёт. Тули умумии роҳи оҳан 474 км. роҳҳои мошингард 7,8 ҳазор км. Бандари калонтарин — Панама. Солҳои 1980 аз Канали Панама 13,8 ҳазор киштӣ гузашт. Аэропорти байналхалқӣ — Токумен дар назднкии пойтахт воқест. Воҳиди пул —балбоа. (1 балбоа = 1 доллари ШМА, 1981).

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1974  ба 1000 нафар аҳолӣ 34,5 таваллуд, 5,7 нафар фавт, ба 1000 нафар кӯдаки навзод 37,6 фавт рост меомад. Бемориҳои табларза, дил, саратон, сил ва ғайра паҳн шудаанд. Хизмати тиббӣ дар беморхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои суғуртаи иҷтимоӣ расонда ме­шавад. Соли 1972 дар Панама 38 беморхонаи дорои 5,7 ҳазор кат (тақрибан 3 кат ба 1000 нафар) буд. 1,2 ҳазор духтур (1 духтур ба 1,2 ҳазор нафар), 155 духтури дандон, 60 дорусоз ва тақрибан 3 ҳазор корманди миёнаи тиб кор мекард.

Маориф. Соли 1946 таълими ҳатмии бачаҳои 7—15-сола ҷорӣ шуд. Барои кӯдакони 5—6-сола муассисаҳои томактабӣ мавҷуданд. Соли 1972 ба 9,3 ҳазор кӯдак 170 боғчаи бачагон хизмат мерасонд. Соли таҳсили 1972-1973 дар 2127 мактаби ибтидоӣ 305,7 ҳазор талаба таҳсил мекард; дар 2 университет 16,4 ҳазор студент мехонд. Китобхонаи Университети Панама, Китобхонаи миллӣ, Музеи миллии Панама ҳастанд.

Матбуот, радио ва телевизион. Соли 1974 дар Панама 16 газета нашр мешуд: газетаи ҳаррӯзаи «Критика» («Critica»), аз соли 1959; «Матутино” («Еl Маtutino»), аз 1968; «Ора» («La Hora»), аз 1947; «Унидад» («La Unidad»), органи Партияи халқии Па­нама, аз 1973 ва ғайра Радио ва телевизион дар ихтиёри ширкатҳои хусусианд. Стансияи радиои ҳукуматӣ «Либертад» аз соли 1971 ва телевизион аа 1959 кор мекунанд.

Адабиёт. Адабиёти халқии Панама (ба забони испанӣ) то миёнаи асри 19 зери таъсири адабиёти Колумбия инкишоф меёфт. Ба туфайли пешрафти иқтисодиёту маданият ҳатто то аз Колумбия ҷудо шудани Панама саъю кӯшиш ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ авҷ гирифт. Дар ин бобат Ҷамъияти дӯстдорони маориф (таъсисаш 1845) роли калон бозид, ки он шоирони романтик X. Колунхе (1837—1899), Т. М. Фёйе (1834—1862) ва X. М. Алеман (1830—1887)-ро ба майдон овард. Намояндагони ба ном мо­дернизм— Д. Эррера (1870—1914), Г. Андреве (1879—1940) ва дигарон дар муборизаи сиёсӣ иштирок дошта ба пешрафти маданияти миллӣ мусоидат мекарданд.

Револютсияи буржузии – демократии Мекси­ка (1910—1917) ва Ҷанги якуми ҷаҳонӣ сабаби ба ду ҷараён тақсим шу­дани аҳли адаб гардид. Ашъори Д. Кореи (1899—1957), Д. Эррера Севиляно (1902—1950, маҷмӯаи «Суруди ғулом», 1947) ва дигарон ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ бахшида шудаанд. Дар насри И. де X. Валдес (1902— 1959), X. Э. Уэрта (таваллудаш 1899), М. А. Родригес (таваллудаш 1919) ва дигарон ҳаёти шаҳру деҳот реалистона тасвир ёфтаанд. Аксари адибон баъди дуюми ҷаҳонӣ халкҳро ба мубориҳаи зидди беадолатии иҷтимоӣ даъват мекарданд. Романҳои С. А. Канданедо (таваллудаш 1906), Р. Осорес (таваллудаш 1910) ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд. Новелланависон Э. Чуэс (таваллудаш 1934), X. М. Байярд Лерма (таваллудаш 1937), шоирон Д. Моран (таваллудаш 1932) ва дигарон дар асарҳои худ муборизаи халқро барои сулҳ демократия ва зидди имперналистони Америка тасвир кардаанд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Ма-данияти қадимаи ҳиндуёни Панама (то асри 16) зери таъсири маданияти Мексика, мамлакатҳои Америкаи Мар­казӣ, Колумбия ва ғайра ташаккул ёфт. Дар асри 20 дар шаҳрҳои Панама ва Ко­лол комплексҳои меъморӣ ва биноҳо дар руҳияи ҷараёнҳои ҳозираи меъмории ШМА сохта туданд (меъморон Г. де Ру, И. Галиндо Валярино, О. Мендес Гуардия анъанаи халқиро низ нстифода бурданд). Дар санъати тасвирии асри 20 нақшҳои монументалии рамзӣ, осори наққошӣ ва портрету муҷассамаҳои Р. Люис, ҳайкалҳои X. М. Улоа, расмҳои манзаравии X. Ф. Аросемена ва дигарон мақоми махсус доранд. Санъати халқии ҳиндуён низ басо гуногунранг аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …