Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Панафриканизм

Панафриканизм

Панафриканизм, ҳаракати ғоявию сиёсиест, ки дар ибтидо муттаҳид намудани зангиҳои африкоии тамоми ҷаҳонро, ки ба муқобили нажодпарастӣ ва нобаробарҳуқуқӣ мубориза мебурданд, мақсади асосии худ медонист; тадриҷан ба ҳаракати миллатчиёни африкоӣ, ки барои озодии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ягонагии халқҳои Африка мубориза мебарад, табдил ёфт. Панафриканизм дар охири асри 19 — ибтидои асри 20 бо ташаббуси зиёиёни  зангии ШМА ва Вест-Индия,, ки барҳам додани таъқиби нажодӣ, ба одамони сиёҳпӯст додани ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсиро талаб мекарданд, таъсис ёфт.

Инкишофи минбаъдаи он бо фаъолтар гардидани қувваҳои зидди истисмори мустамлигкавӣ дар Афри­ка алоқаманд буд. Дар чор конгрессӣ Панафриканизм (1919 — Париж, 1921—Лондон, Брюссел ва Париж, 1923 — Лондон ва Лисабон, 1927 — Ню-Йорк) дар байни тарафдорони ҷараёни радикалӣ ва унсурҳои консервативӣ муборизаи шадиди ғоявӣ мерафт. Конгресси 5-уми панафриканистон (1945, Манчестер) ба Панафриканизми ҳозира асос гузошт, ки дар он У. Дю­буа, К. Нкрума, Н. Азикиве, Кенката ва дигарон ходимони ҳаракати озодихоҳии Африка иштирок доштанд. Дар конгресс программаи амалии аз ҷиҳати сиёсӣ озод кардани Африка тартиб дода шуд.

Умуман Панафриканизм барои муттаҳидсозии ҳамаи қувваҳои озодихоҳии зидди мустамликадорӣ, навмустамликадорӣ, нажодпарастӣ ва сионизи мубориза мебарад. Программаи якҷояи панафриканистон дар ҳуҷҷатҳои Конг­ресси 6-уми онҳо (1974, Доруссалом) инънкос ёфтааст, ки он дар амал татбиқ намудани дигаргуниҳои прог­рессисӣ ва пурқувват кардани муборизаро баҳри ҳуқуқи башарият талаб намуд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …