Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паллаев Ғоибназар

Паллаев Ғоибназар

Паллаев Ғоибназар (таваллудаш 20. 5. 1929, шаҳри Уши РСС Қирғисистон), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи коргар. Аъзои КПОС аз соли 1957. Соли 1954 Ин­ститути хоҷагии қишлоқ Тоҷикистонро хатм намуд.

Солҳои 1954—1955 агрономи участка, сарагрономи МТС- и Ҷилликӯли райони Ҷилликул, 1955—1956 сарагрономи МТС-и Ҷилликули райони Колхозобод, 1956—1958 директори МТС-и Чубеки райони Москва, 1958 —1959 сардори инспексияи хоҷагии қишлоқи райони Москва, 1959—1960 котиби Комитети партиявии райони Москва, 1960—1961 ҷонишини вазири хонагии қишлоқӣ РСС Тоҷикистон, 1961—1963 котиби Комитете партиявии Управленияи истеҳсолии колхозию совхозии райони Ашт, 1964— 1965 котиби Комитети партиявии райони Ленин, 1965—1973 котиби якуми Комитети партиявии райони Ленин, 1973—1977 раиси Иттиҳодияи республикавии «Тоҷикселхозтехника», 1977 —1984 котиби якуми Комитети пар­тиявии вилояти Қурғонтеппа буд.

Феврали 1984 Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуд. Аз соли 1961 аъзои КМ ПК Тоҷикистон, аз соли 1983 аъзои Бюрои КМ ПК Тоҷикистон Депутати Сове­ти Олии СССР (даъватҳои 10—11), депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 6—11). Бо ордени Ленин, 4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», ме­дал ва Грамотаҳои Фахрии Прези­диуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …