Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Палладин Александр Владими­рович

Палладин Александр Владими­рович

Палладин Александр Владими­рович (10. 9. 1885, Москва — 6. 12. 1972, Киев), биохимики советӣ, академики АФ СССР (1942), АФ РОСУ (1929; солҳои 1946—1962 — президент), АИТ СССР (1944), акад. фахрии АФ РССБ (1950), Қадрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ (1955). Аъзои КПСС аз соли 1932. Писари В. И. Палладин. Соли 1908  Университети Петербургро хатм кардааст.

Палладин аз соли 1916 профессори Инстути хоҷагии қишлоқ ва ҷангал, 1921 профессори Институти тиббии Харков, 1925 директори Институти биохимияи РССУ (бо та­шаббуси ӯ ташкил ёфтааст) ва солҳои 1934—1954 профессори Университети Киев буд. Палладин асосгузори мактаби биохимикҳои Украина мебошад. Асосан масъалаҳои биохимияи витамиидо, мубоди- лаи моддадо (мубодилаи дохилиду- чайравии ангиштоба ва фосфор), би­охимияи муқоисавии бофтаҳои асаб ва мағзи сарро дар ҳолатҳои гуногуни функсионалӣ тадқиқ кардааст.

Палладин депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—5), аъзои Фахрии АФ Булгория, Венгрия, Руминия, аъзои хориҷии АФ Полша мебошад. Лауреати мукофоти ба номи В. И. Ленин (1929); бо ордени Ленин, ордени Револютсияи Обстябр, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас. Основы питания, М., 1927; Хими­ческая природа витаминов, Киев, 1941; Биохимия головного мозга. М., 1955; Во­просы биохимии нервной системы, Киев, 1972 (хакродо Я. В. Белил, Н. М. Поля­кова).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …