Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Палиашвили Захарий Петрович

Палиашвили Захарий Петрович

Палиашвили Захарий Петрович (16.08. 1871, Кутаиси —6. 10. 1933, Тбилиси), бастакори советӣ, педагог, арбоби ҷаъиятии мусиқӣ, барҷастатарин намояндаи мусиқии классикии гурҷӣ, Артисти Халқии РСС Гурҷистон (1925). Мусиқиро аввал дар мактаби назди калисои ка­толикӣ (ҳамчун сарояндаи хор ва аргунуннавоз), баъдтар назди Ф. Мизандари омӯхтааст. Солҳои 1895—1899 дар Омӯзишгоҳи мусиқии Тбилиси таълим гирифтааст. Солҳои 1900—1903 дар Консерваторияи Москва (синфи колпозитсияи С. И. Танеев) таҳсил намуда, бо маданияти мусиқии рус аз наздик шинос мешавад ва маҳорати бастакориашро такмил медиҳад.

Палиашвили дар ташкили Ҷамъиятн филармонии Гурҷистон (1905) фаъолона иштирок карда, солҳои 1908—1917 ба хор, оркестр ва мактаби мусиқии назди ин ҷамъият, ки бо ташаббуси ӯ ташкил ёфта буданд, роҳбарӣ намудааст. Аз соли 1919 профессори солҳои 1919, 1923, 1929—1932 дирекгори Консерваторияи Тбилиси. Палиашвили яке аз асосгузорони мусиқии миллии касбии гурҷӣ буда, ба анъанаҳои беҳтарини мусиқии классикии рус низ пайравӣ намудааст. Операҳои «Абесалом ва Этери» (1919, Тбилиси), «Даиси» («Шом», 1923, Тбилиси) дар таърихи санъати мусиқии гурҷӣ марҳалаи наве гардиданд. Палиашвили ҷиҳатҳои хоси шохаҳои этнографии мусиқии халқии гурҷиро ҷамъбаст намуда, забони ягонаи мусиқии умумимиллиро ба вуҷуд овард, ки мусиқии классикии гурҷӣ бар он асос ёфтааст.

Операи «Латавра» (1927), «Канта­таи мутантан» (ба 10-солагии Револютсияи Октябр, 1927), сюитаи гурҷӣ дар мавзӯъҳои халқӣ барои оркестри симфонӣ (1928), романсҳо, асарҳо барои хор, сурудҳои халқии аз нав кор кардашуда ва ғайра аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд. Ба Театри опера ва балети Гурҷистон номи Палиашвили дода щудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …