Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеозой

Палеозой

Палеозой (аз палео… ва юн. гое — ҳаёт), эраи (гурӯҳи) п а л е о з о й, баъд аз токембрий аввалин эраест дар таърихи геологии За­мин. Бино ба маълумоти тадқиқоти радиологӣ, Палеозой 570 млш сол муқаддам оғоз ёфта, 340—350 млн сол давом кардааст. Соли 1837 геологи немис А. Сечвик бори аввал таҳнишастҳои гуруҳи Палеозойро ҷудо кард. Он вақт эраи Палеозой аз ду давра — силур ва девон иборат буд. Ҳоло он ба 6 давра (кембрий, ордовик, силур, девон, карбон ва перм) тақсим шудааст.

Дар натиҷаи ҳаракатҳои пурзури чиндоршавии пеш аз токембрийи боло платформаҳои Европаи Шарқӣ, Сибир, Хитои Ҷанубӣ, Америкаи Шимолӣ, Бразилия, Африка, Ҳиндустон, Австралия ва геосинклиналҳо ба вуҷуд омаданд. Ин платформаҳо чандин бор зери баҳр монда, рӯяшонро қабати тунуки таҳнишастҳо пӯшидаанд. Дар ноҳияҳои геосинклиналии байни платформаҳо, ки аз фурухамидаю барҷастагиҳо иборат буданд, қабатҳои ғафси таҳнишаст­ҳои терригению вулқонӣ ғун мешуданд.

Эраи Палеозой ду замони чиндоршавӣ — каледонӣ ва герсиниро дар бар мегирад. Марҳалаҳои асосии чиндоршавии каледонӣ дар байни давраҳои ордовику силур ва аввалҳои девон рӯй додаанд. Дар натиҷа силсилаи кӯҳҳо ва қабати ғафси ҷинспораҳо — молассҳои сурхтоб пайдо шуданд. Чиндоршавии каледонӣ асосан Британияи Кабир, Скандинавия, Шпитсберген, Қазоқистон, Саяни Ғарбӣ, Нюфаундленд ва Аппалачиро фаро гирифта буд.

Дар охирҳои Палеозой (аз нимаи дуюми давраи карбон то давраи перм) чиндоршавии герсинӣ ба амал омад. Дар натиҷа кӯҳҳои чиндори Европаи Марказӣ, Урал, баъзе кӯҳҳои Осиёи Миёнаю Олтой ва ғайра шакл гирифтанд. Материки калони Гондвана ҳамаи платформаи Нимкураи ҷанубиро дар бар мегирифт. Дар Нимкурап шимолӣ дар нимаи дуюми эраи Палеозой материки калони Ангарида мавҷуд буд, ки ба он платформаи Сибир бо кӯҳҳои атрофаш дохил мешуд.

Дар ибтидои Палеозой дар баҳрҳо авва­лин организмҳои скелеташон сахт (хиолитҳо, хиолителминтҳо, гастроподаҳо, брахиоподаҳо ва археосиатҳо) пайдо шуданд. Дар қатори гурӯҳҳои номбур да аввалҳои Палеозой (кемб­рий, ордовик ва силур) боз бисёр ҳайвонҳои дигари бемӯҳра — трилобитҳо (бандпойҳо), граптолитҳо, нармбаданҳои сарпо ва ғайраҳо мезистанд. Хусусан дар давраҳои кембрию ордовик шумораи трилобитҳо ва дар ордовику силур граптолитдо басо афзуд. Минбаъд онҳо торафт кам шуда, дар охирҳои Палеозой тамоман бар­ҳам хурданд.

Дар ин муддат намудҳои бражиоподаҳо (китфпойҳо) хеле зиёд шуд. Дар давраи ордовик марҷонҳо, мшанкаҳо, строматопороидеаҳо пайдо шуданд. Дар давраи девон гониатитҳо, моҳиҳои дубаҳраю панҷабол босуръат инкишоф ёфтанд. Дар охири ҳамин давра аввалин обхокиҳо (амфибияҳо) ба вуҷуд омаданд. Дар давраҳои карбону перм дар хушкӣ хазандаҳои зиёди алафхур ва даррандаҳо мезистанд. Дар нимаи дуюми эраи Палеоҳой аз ҳайвонҳои баҳрӣ якҳучайраҳо — фораминифераҳо (хусусан гурӯҳи фузулинидҳо) мавқеи асосиро ишғол мекарданд. Набототи давраҳои кембрий ва ордовик асосан обсабзҳо буданд. Аввалҳои девон нахустин растаниҳои хушкӣ — псилофитҳои соддатарин пайдо шуданд.

Набототи Палеозой махсусан дар давраи карбон нашъунамо ёфт ва онро бештар растаниҳои дарахтшакл (плаунҳо) ва бурумпоя, папоротникҳо ва аввалин растаниҳои лучтухм ташкил медоданд. Ҷисми зиёди хушкиро бешаҳо фаро гирифта буданд. Инкишофи умумин олами органики шаҳодат медиҳад, ки дар нимаи аввали Палеозой ҳайвонҳои бемӯҳраи бадрӣ зиста, дар нимаи дуюми эра дар хушкиҳо аввал растаниҳо ва баъд ҳайвонҳо пайдо шудаанд.

Дар территория СССР таҳнишастҳои гу­рӯҳи Палеозой ҳам дар платформаҳо ва ҳам дар ноҳияҳои геосинклиналӣ вомехӯранд. Дар платформаҳои Европаи Шарқӣ ва Сибир қисми асосии табақаи ҷинсҳои Палеозойи поёнро таҳнишастҳои баҳрӣ ташккил медиҳанд. Қисмҳои канории платформаҳо (ҳавзаҳои Донетск, Печора ва ғайра) бо табақаи ғафси таҳнишастҳои терригении Палеозой боло пӯшида шудаанд. Дар ноҳияҳои геосинклинали (Урал, Қазоқистон, Осиёи Миёна) ба гурӯҳи Палеозой қабатҳои ғафси ҷинсҳои таҳшинӣ ва таҳшинию эффузивӣ мансубанд.

Дар территорияи Тоҷикистон таҳнишастҳои ҳама системаҳои Палеозой мавҷуданд. Дар шимоли республика (дар Қаромазор) таҳнишастҳои вулқоногении Палеозойи охир бештаранд. Кӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ бошанд, қариб пурра аз таҳнишастҳои терригенӣ, карбонатӣ ва эффузивии синни Палеозой таркиб ёфтаанд. Таҳнишастҳои баҳрии Палеозой дар шимоли Помир низ бисёранд.

Бо ҷинсҳои интрузивии каледонию герцинии Урал, Қазоқистон, Олтой, Осиёи Миёна, Европаи Ғарбӣ, Аме­рикан Шимолӣ бисёр конҳои металлҳои сиёҳ ва ранга алоқаманданд. Як қатор конҳои металлҳои ранга ва нодир дар табақаи ҷинсҳои Палеозой ёфт шудаапд (конҳои маъдани полиметаллии Қаромазор, сурмаю симоби Тоҷикистони Марказӣ ва ғайра). Дар территорияи СССР аз таҳнишастҳои Палеозой конҳои калони ангишгтсанг (давзаҳои Донетск, Печора, Наздимосква, Қараганда, Кузнетск), варақсанги сӯзанда (Эстония), ресанги мисдор (Наздиурал, Қазоқистон), намаксой калий (Соликамск, Илетск) ёфт шу­даанд. Конҳои нефти ноҳияи Волгаю Уралро низ аз қабати ҷинсҳои Палеозой пайдо кардаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …