Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеоантропҳо

Палеоантропҳо

Палеоантропҳо (аз. палео… ва юн. antropos — одам), номи муштараки одамони ҳафриётӣ, ки 250—35 ҳазор сол то мелод дар Осиё, Африка ва Европа зиндагӣ мекардаанд. Палеоантропҳо як марҳалаи муайян ва қонуниест дар ташаккулу таҳаввули таърихии наесли одамизод.

Палеоантропҳо аз рӯи аломатҳои антропологӣ ва хусусиятҳои олоти сангиашои ба чанд гурӯҳ тақсим ме­шаванд: Палеоантропҳои Европа, Палеоантропҳои Африкаи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, Палеоантропҳои Осиёӣ Пеш. Палеоанропҳои Осиёӣ Пеш (тақрибан  70— 60 ҳазор сол муқаддам зистаанд) алалхусус ҷолиби диққат буда, аз бисёр ҷиҳат ба одамони ҳозира монанданд. Аксар тадқиқотчиён онҳоро ниёгони қадимии неоантропҳо медонанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …