Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеонтология

Палеонтология

Палеонтология (аз. палео…, юн. оn, оntos—мавҷудот ва логия), илмест, ки аломатҳои зуҳуроти ҳаёт ва тахаввули таърихи организмҳои давраҳои гузаштаи геологиро меомӯзад. Аз рӯи мавзуи тадқиқот Палеонтология илми биологӣ буда, бо ге­ология робитаи зич дорад. Геология илова бар он, ки аз маълумотҳои Палеонтология фаровон истифода мебарад, чун манбаи ахбороти гуногун оид ба муҳити ҳаёти давраҳои геологӣ низ хизмат мекунад. Маҳз ҳамин робита Палеонлтомияро чун илми том дар бораи инкишофи олами зинда пойдор гардонида, барои фаҳмидани таърихи геологии биосфераи Замин имконият фароҳам меоварад.

Палеонотомия ба қисматҳои зерин ҷудо мешавад: палеозоология, палеоботаника, микропадеонтология (микроорганизмҳои қадима, соддатаринҳо, остракодҳо, зоо-ва фитопланктон, бактерияҳо ва ғайраро меомӯзад), пале­оэкология (алоқаи организмҳои ҳафриётиро бо муҳити атроф ва муносибати ҳамдлгарии онҳоро меомӯзад), палеогеография (вобаста ба таҳавву­ли иқлим, тектоника ва просессҳои дигар қонунияти паҳншавии географии организмҳоро меомӯзад), палеоихнология (аломатҳои зуҳуроти ҳаёти организмҳоро меомӯзад), тафономия (қонунияти аз биосфера ба литосфера гузаштани боқимондаҳои органикиро меомӯзад), палеобиогеография (қонунияти паҳншавии организмҳоро дар гузаштаи геологӣ меомӯзад).

Маълумотҳо оид ба сангшавии боқимондаи организмҳои мурдарафта ҳануз ба файласуфҳои табиатшиноси ақидаи (Ксенофан, Ксант, Геродот, Теофраст, Аресту ва дигар) маълум буд. Масалан, ба ақидаи Арасту осори гӯшмоҳиҳое, ки дар кӯҳҳо ёфт мешаванд, дар бораи як вақтҳо баҳр будани нимаҳалҳо шаҳодат медиҳанд. Дар асрҳои миёна, вақте ки дар Европа тасаввуроти динӣ ҳукмфармо буд, ақидаҳои файласуфҳои антиқа дар асарҳои олимони форс-тоҷик Абуалӣ ибни Сино ҷа Абурайҳони Берунӣ инкишоф ёфтанд. Дар давраи Эҳё ба туфайли тадқиқотҳои Леонардо да Винчи, Агрикола ва дигарон табиати сангшавии боқимондаҳои организмҳои мур­дарафта дуруст тафсир шуданд.

Ми­ёнаҳои асри 18 ақидаҳои М. В. Ломоносов, Ж. Бюффон, Ҷ. Геттон дар бораи муттасил тағйирёбии табиати зинда, гарчанде ба таври стихияви бошад ҳам, тарафдорони худро пайдо карданд. К. Линней, агарчи ғояи тағйирпазирии намудҳоро қатъиян рад кард, вале ягонагии организмҳои зинда ва ҳафриётиро эътироф намуд. Аввали асри 19, ки У. Смит дар Британияи Кабир аввалин шуда ба муайян кардани синни нисбии қабатҳои таҳдинии геологӣ аз рӯи боқимондаи ҳайвоноти бемӯҳра асос гузошт ва дар асоси он харитаи аввалини геологиро (1794) тартиб дод, П. равнақи илмӣ гирифт. Асосгузорони Палеонтологияи илмӣ Ж. Кюве, Ж. Б. Ла­марк, А. Броняр ва дигар буданд. Ж. Кюве дар ташаккули анатомия ва палеонтологияи ҳайвонҳои мӯҳрадор роли калон бозид. Ӯ дар натиҷаи ҳарҷониба омӯхтани устухонҳои ҳафриётии ширхӯрҳо ба Палеонтологияи ҳайвонҳои мӯҳрадор асос гузошт.

Асосгузори Палеонтологияи ҳайвоноти бемӯҳра Ж. Б. Ламарк муаллифи аввалин назарияи таҳаввул мебошад. Ӯ чунин мешуморад, ки тағйироти олами орга­никӣ аз таъсири ду омил—шароити муҳити беруна ва дурудароз машқ кардан ё накардани узвҳо бармеояд. Дар пайдоиши палеоботаника асари ботаники франсавӣ А. Броняр «Таърихи набототи ҳафриётӣ» ро­ли ҳалкунанда бозид. Дар асари маз­кур муаллиф набототи ҳозира ва ҳафриётиро ба ҳам муқоиса намуда растаниҳои қадимаро аз рӯи систе­маи ботаникӣ ба гурӯҳҳо тақсим кардааст.

Аввали солҳои 40 асри 19 бо қувваи олимони бисёр мамлакатҳо ҷадвали умумии стратиграфии Замин мураттаб ёфт. Солҳои 60 асри 19 дар инкишофи Палеонтология марҳалаи наве гардид. Аввалҳои ин давра бо пайдоиши назарияи эволютсионии Ч. Дарвин алоқаманд аст. Ч. Дарвин ба маълумоти соҳаҳои гуногуни илм ва таҷрибаи чандинасраи инсоният оид ба парвариши набототи боғию ҳайвоноти хонагӣ такя намуда, исбот кард, ки олами органикии муосир натиҷаи эволютсияи дурудароз ва мураккаб аст. Асосгузорн Палеонтологияи эволютсионӣ В. О Ковалевский мебошад.

Фақат баъди тадқиқоти ӯ оид ба Палеонтологияи ҳайвоноти мӯҳрадор ва тадқиқоти геологи австриягӣ М. Неймайр доир ба Палеонтологияи ҳайвонҳои бемӯҳра дарвинизм асоси палеонтологӣ пайдо кард. Мавқеъҳои алоҳидаи назарияи эволютсиониро палеонтологҳои белгиягӣ Л. Долло, америкоӣ Г. Осборн, немис О. Абел аниқ карданд. Дар Россия ва минбаъд дар СССР дар инкишофи ин ғоя олимон А. П. Карпинский, А. П. Павлов, Н. И. Андрусов, А. А. Борисяк, А. Н. Криштофович, Н. Н. Яков­лев, И. А. Ефремов, Л. III. Давиташ­вили ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштанд.

Палеонтология бо бисёр илмҳои биолог, аз ҷумла морфология, анатомияи муқоисавӣ, генетикаи популятсионӣ, си­тология, экология ва алалхусус таълимоти эволютсионӣ робитаи зич дорад ва усулҳои тадқиқотии ин соҳаҳоро ҳарҷониба истифода мебарад. Масалан, ҳалли проблемаҳои  намуд ва ба вуҷуд омадани он, омилу суръати таҳаввул ва самтҳои он фақат дар асоси таҳлили маълумоти пале­онтологӣ ва неонтологӣ имконназир аст.

Палеонтология дар системаи илмҳои оид ба Замин мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Маҳз тадқиқоти палеонтоло­ги барои муайян намудани синни нисбии қабатҳои геологии Замин имконият фароҳам овард. Палеонтология бо дигар илмҳои геологи (литология, геохи­мия, биогеохимия ва ғайра) низ робитаи зич дорад.

Дар СССР тадқиқоти палеонтологӣ дар муассисаҳои АФ СССР, мактабҳои олӣ ва институтҳои гуногуни соҳавӣ бурда мешавад. Дар системаи АФ СССР Институти палеонтология (Москва) ва Институти палеобиологияи АФ РСС Гурҷ.  амал мекунанд. Дар ҳузури як қатор муаосисаҳои геологӣ (Институти геологияи АФ СССР, Институти геология ва геофизикаи Шӯъбаи сибирии АФ ССОР Институти геологияи АФ РСС Эст.) шӯъба ва лабораторияҳои Палеонтология ташкил карда шудаанд.

Дар бисёр мамлакатҳо (дар Бри­таниян Кабир аз соли 1847 ва Швейтсария 1874) ҷамъиятҳои илмии пале­онтологи вуҷуд доранд. Ҷамъияти палеонтологии рус (ҳоло Ҷамъияти умумииттифоқӣ) соли 1916 таъсис ёфта буд. Дар паҳн намудани донишҳои палеонтологӣ Ҷамъияти москвагии табиатшиносон (аз соли 1940 сексияи палеонтологӣ дорад) мақоми баланд дорад. Соли 1967 дар ҳузури Институти геологияи АФ РСС Тоҷикистон шӯъ­баи Палеонтология ва стратиграфия ташкил ёфт. Палеонтологҳои тоҷик дар Шӯъбаи тоҷикистонии Ҷамъняти умумииттифоқии палеонтологии муттаҳид гардидаанд.

Дар СССР натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ оид ба Палеонтология дар «Палеонтологи­ческий журнал» (таъсисаш 1959), «Ежегодник Всесоюзного палеонто­логического общества »  (таъсисаш 1947) ва нашрияҳои дигар чоп меша­ванд.

Ад.: Основы палеонтологии. Справоч­ник для палеонтологов и геологов СССР п 15 томах, М„ 11*58—64; Друщиц В. В., Обручёва О. П.. Палеонтоло­гия, М., 1971.          м.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …