Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палеологҳо

Палеологҳо

Палеологҳо (юн. Раlaiologoi), сулолаи охирини императорони Византия. Намояндагони П.: Михаили VIII — асостузори сулола, аз қавми асилзодагоне, ки аз асри 11 маълум аст. У соли 1261 империяи Византияро, ки соли 1204 барҳам хурда буд, барқарор намуда, то соли 1282 ҳукмронӣ кард; Андроники II (солҳои ҳукмронии 1282—1328); Андроники III (1328— 1341) — набераи Андролики II; Иоанн V (1341—1391); Мануили II (1391— 1425) — писари дуюми Иоанн V; Ио­анн VIII (1425—1448); Коистантини XI (1449—1453) — бародари Иоани VIII.

Давраи ҳукмронии Палеологҳо ба дав­раи таназзули сиёсии Византия, парокандагии сохти феодалии мамлакат, зуроварии венетсиягиҳою генуягиҳо дар соҳаи иқтисодиёт, ҳуҷумҳои салчукҳо ба Византия рост меояд.

Хоҳарзодаи Колстантини XI — Зоя (Софя) завҷаи Ивани III Василе­вич буд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …