Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палеолит

Палеолит

Палеолит (аз палео… ва юн. lithos —санг), давраи қадими асри санг. Одатан, Палеолитро ба се давраи асосӣ: Палеолити поён, миёна ва боло тақсим мекунанд. Қароргоҳҳои ин давра асосан ду хел — кушод ва мағоравианд.

Палеолити поён 2 млн сол қабл аз ин оғоз ёфта, пас аз 100 ҳазор сол ба охир расидааст. Дар ин давра қадимтарин одамони маймуншакл (пи­текантроп, синантроп, неандерталӣ ва ғайра) ба вуҷуд омадаанд. Дараҷаи аввали Палеолитии поён шелл, дуюмаш ашел ном дорад. Олоти давраи тошеллию олдуваи дағал ва соддаю номукаммал буда, бештар қайроқсангист. Тақрибан 1 млн сол муқаддам олати универсалӣ-исканасанг хеле маъмул гашт. Қадимтарин олоти па­леолитии (чопперу чоппингҳо) Осиёи Миёна дар ҷануби Тоҷикистон (Қаратоғ-1, Лоҳутӣ-1, Хонақоҳ 1-3) ба даст омадааст, ки 280—130 ҳазор сол то мелод сохта шудааст.

Давраи гузариш аз Палеолити поён ба Палеолити миёна 100—40 ҳазор сол то мелод ба вуқӯъ пайваст. Дар Палеолити миёна шикор равнақ ёфта, одамон роҳҳои гуногуни ҳосил намудани оташро кашф намуданд. Акнун онҳо мағораҳоро тарк карда, дар ҷойҳои кушод маскан мегирифтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекарданд. Сохти қабилавӣ ва нишонаҳои тақсими меҳнат байни зану мард, дар охири ҳамин дав­ра бошад, маросими дафн пайдо шуд. Бори нахуст нишонаҳои маданияти мутааллиқи ин давра аз Ле-Мусге ном мағораи Франсия ба даст омадааст.

Аз ин ҷост, ки ин давраро мусте низ меноманд. Дар Осиёи Миёна мағораҳои Тешиктош, Амонқӯтаи, Обираҳмат (Ӯзбекистон), Оғзикичик (Тоҷикистон), қароргоҳҳои Ҷарқӯтаи, Хуҷӣ (Тоҷикистон), Қӯлбулоқ, Қӯтурбулоқ (Ӯзбекистон), Саломатбулоқ (Қирғизистон) ва ғайра кашф гардиданд. Дар давраи мусте олоти меҳнат (тарошкорд, корд, дарафш ва ғайра) ҳаҷман хурд ва нафистар гардид.

Палеолити боло аз ҳазораи 35 то ҳазораи 10 давом кардааст. Дар ин давра иқлими қисми зиёди сатхи замин, аз ҷумла Осиёи Миёна ва Қазоқистон, хушк ва континентии шадид гардид. Ҳайвоноти ба иқлими хунук мутобиқгашта (каркаданҳои сермӯй, аспҳои ёбоӣ ва ғайра) пайдо шуданд. Палеолитии боло дараҷаи олии асри санг буда, олоти беҳтарин маҳз дар ҳамин дав­ра ба вуҷуд омад.

Дар СССР қароргоҳҳои Палеолити боло дар Ёқутистон, Шарқи Дур, соҳили Байкал, Костенко (наздикии Воро­неж) ва г. кашф шудаанд. Дар Оси­ёи Миёна қароргоҳҳои наздикии Кӯ­ли комсомоли Самарқанд ва Шуғнов (водии Яхсу) ба Палеолити боло мансубанд. Асбобҳои рӯзгори ёфтшудаи ин давра (сӯзан, шаст, дарафш, парма, пайкон, найза ва ғайра) аз устухон ва шохи ҳайвонот сохта шудаанд.

Ба туфайли меҳнат одами Палеолит аз ҷиҳати физиологӣ низ тағйир ёфт.

Ҷои палеоантропҳоро неоантропҳо гирифтанд. Нажоди типҳои гуногуни антропологӣ ба вуҷуд омада, минбаъд ба се нажоди ҳозира (европоисурат, зангӣ ва муғулсурат) ҷудо шуданд. Дар натиҷаҳои ҷамоаҳои ибтидоиро модаршоҳӣ гирифт. Вазифаи мардҳо аз шикор, истеҳсоли олоти меҳнат ва ғайра иборат шуд. Палеолит муҳимтарин давраи таърихи инсоният буда, омӯзиши ҳама тарафаи он бисёр масъалаҳои ҷамъияти тосинфиро ҳал менамояд.

Ад.: Р а н о в.В. А., Каменный век Тад­жикистана, Д., 1985; О к л а д.н и к о о А. п., Средним Азии п четвертичный пе­риод, дар кит. Средняя Азин в эпоху камня и бронзы. М.—Л., 1986; Борисковскип П И., Древнейшее прош­лое человечества, Л., 1970; Долихан о в П. М., География каменного века, М., 1079.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …