Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеография

Палеография

Палеография (аз палео… ва графин), фанни ёрирасони таърих, ки тарзи навишт, андоза, аломати обгун, ороишот, сарчашмаҳои хаттӣ, тағйирёбии ҳарфҳо дар давраю кишварҳои мухталиф ва ғайраро меомӯ­зад. Палеография инчунин аз рӯи алифбо, сабку услуб, хат, имло, коғаз, сиёҳӣ, ҳуруфот, ороишот, нусхаҳои аслӣ ё китобатшуда, муқовабандӣ, саҳҳофӣ ва ғайра муаллиф, забон, замон ва макони таълифи сарчашмаҳои хаттиро муайян менамояд.

Истилоҳи Палеографияро бори аввал дар асри 18 олими франсавӣ Б. Монфокол ба кор бурдааст. Палеография дар ибтидо хату матиҳои дар ашёи сахт сабтёфтаро намеомӯхт. Аз нимаи дуюми асри 20 сар карда тамоми сарчашмаҳои хаттӣ (катибаҳои рӯи санг, лавҳачаҳо, папирус ва ғайра) мавриди тадқиқи Палеография қарор гирифтанд. Ҳоло Палеография ёдгориҳои хаттиро бо эпиграфика, сфрагисти­ка, нумизматика якҷоя меомӯзад. Криптография соҳаи махсуси Палеография бу­да, бо таҳқиқи хатҳои махсус маш­ғул аст.

Палеография бо илмҳои забоншиносӣ, маятшиносӣ, таърих, таърихи адабиёт, таърихи санъат, химия, физика ва ғайра алоқа дошта, дар ҳалли бисёр масъалаҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Масалан, маълум шуд, ки бори нахуст халқҳои Осиёи Миёна баъди ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил шудан бо хату имло шинос гаштаанд.

Дар ин ҷойҳо аввал забон ва хати оромӣ паҳн гашта, дертар аз он системаҳои хати портӣ, форсӣ, суғдӣ ва хоразмӣ ба буҷуд омаданд. Ин системаҳо дар Осиёи Миёна ва Эрон то истилои араб боқӣ монданд. Пас аз истилои араб дар Мовароуннаҳр забон ва алифбои арабӣ ҷорӣ гардид. Палеография аз рӯи алифбою забон ба Палеографияи юнонӣ, лотинӣ, арабӣ, славянию русӣ, арманӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва ғайра ҷудо мешавад.

Палеографияи арабӣ ёдгориҳои бо ҳуруфоти арабӣ ба забонҳои гуногун навишташударо меомӯзад.

Ҳоло дар Тоҷикистон кормандони АФ республика бо тадқиқоти палеограф машғуланд.

Ад.:     Гафуров Б. Г., Таджики.

Древнейшая, древняя и средневековая история. М.,        1972; Мухторов А.,

Эпиграфические памятники Кухистана (XI—XIX вв.), кн. 1—2, Д., 1978—79.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …