Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палеогеография

Палеогеография

Палеогеография (аз пале о… ва география), илмест дар бораи шароитҳои табиию географии замонҳои гузаштаи геологи Палеогеография як қисми геологияи таърихӣ буда, барои омӯхтани таърихи инкишофи қишри Замин ва умуман Замин маълумот медиҳад. Дар айни ҳол Палеогеография як қисми географияи табиии умумист, ки шароитҳои табиию географии гузаштаро бо мақсади фаҳмидани табиати имрӯзаи Замин меомӯзад. Палеогеография ба тадқиқи муфассали ҷинсҳои кӯҳӣ, тар­киби боқимондаҳои органикии онҳо, структура, текстура, тарзи ҷойгиршавии ҷинсҳо ва ғайраҳо асос ёфтааст. Палеогеография бо таълимот доир ба фасияҳо, лито­логия, стратиграфия, тектоника, па­леонтология, палеоэкология, иқлимшиносӣ ва геофизика зич алоқаманд аст.

Палеогеография ҳамчун илқми мустақил дар миёнаҳои асри 19 ба вуҷуд омад. Дар асоси маълумотҳои биостратиграфӣ тайёр кардани шкалаи нисбии геохронологӣ, пайдоиши таълимот доир ба фасияҳо, ба туфайли геологи анг- лис Ч. Лайел асоснок гардидани усули актуалиам ва мураттаб ёфтани харитаҳои гуногуни палеогеографӣ ба­рои илми Палеогеография заминаи зарурӣ фароҳам оварданд.

Аз солҳои 30 асри 20 инҷониб таҷдидҳои палеогеографӣ ба муҳимтарин воситаи ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ (нефт, газ, ангишт, на­макҳои гуногун, боксит фосфорит, алмос ва ғайра) табдил ёфтанд. Яке аз асосҳои Палеогеография— таълимот доир ба фа­сияҳо (У. Твепхофел, Д. В. Наливкин) беш аз пеш такмил меёбад. Гуногунии усулҳои тадқиқот боиси ба вуҷуд омадани як қатор равияҳои Палеогеография гардиданд, ки онҳо ҷиҳатҳои гуногуни шароити табиию географии замонҳои гузаштаи геологиро меомӯзанд.

Равияи п алеоэлологӣ таркиб ва дигар хусусиятҳои ҷинсҳои тахшинӣ, аз ҷумла боқимондаҳои органикии ҳайвоноту набототи давраҳои гузаштаи геологиро тадқиқ менамояд; инчунин ҳавзаҳои об, алоқаи онҳоро бо баҳрҳои ҳамсоя, шароити, иқлимӣ, дараҷаи шӯрии об ва дигар хусусиятҳои ҳавзаҳоро муайян мекунад.

Равияи терригению мине­ралогӣ аз кадом ноҳияҳо шуста шудан, бо кадом роҳҳо кӯчидан ва дар куҷоҳо ҷамъ шудани таҳшинҳоро, ки аз ҷинспораҳо таркиб ёфтаанд, муқаррар менамояд.

Равияи геохимиявӣ шӯрӣ ва хусусиятҳои физикию химиявии ҳавзаҳои қадимии об, инкишофи тадриҷии таркиби онҳо, инчунин таркиби атмосфераи замони гузаш­таро дар асоси омӯхтани минералҳои аутигени (дар як 40 пайдо ва ёфтшуда), консентратсия ва таносуби алементҳои ба худ хос (Сl, F, В, Вг, Са, Мg, Sг) ва дар ҷинсҳои гилию карбонатӣ санҷидани дараҷаи оксидшавии оҳан РеО (Ре2Оз)-ро муайян мекунад.

Палеогеографияи д и н амикӣ рафти инкишоф ва тағйирёбии ҳавзаҳои қадимии об, ҷараёни дарёю баҳрҳо ва хусусиятҳои муҳитеро, ки дар он таҳшинҳо ҷамъ шудаанд, тадқиқ менамояд.

Равияӣ палеотектоникӣ аз солҳои 30 ин ҷониб хеле инкишоф ёфт, ки он просесси ҷудо кардани фасияҳо ва тадқиқи ғафсию форма­сияи таҳнишастҳои қадимаро дар бар мегирад.

П а л е о в у л қ о н ш и н о с ӣ ба як фасли махсуси Палеовулқоншиносӣ табдил ёфта­аст, ки бо таҷдиди палеогеографии ноҳияҳои вулқондор машғул аст.

Палеогеоморфология бошад, релефи замонҳои қадими геологиро тадқиқ мекунад. Пармакунии қаъри уқёнус, ки соли 1968 оғоз ёфт, имконият дод Палеогеоморфологияи уқёнусҳо бевосита барқарор карда шавад. Дар даҳсолаҳои охирин дар асоси маълумот­ҳои чуқур парма кардали табақаҳои таҳшинии материкҳо дар СССР ва мамлакатҳои дигар харитаҳои калонмасштаб тартиб дода шуданд. Тавассути Палеогеоморфология шароити табиию географӣ ва таърихи инкишофи геологии бисёр ноҳияҳои Тоҷикистони имрӯза муқаррар гардиданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …