Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Палдорак

Палдорак

Палдорак, деҳа, маркази Совети қишлоқ Палдораки райони Мастчоҳ, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Правда» ва колхози ба номи М. И. Калинин. Аз Палдорак то маркази район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1250 нафар (1981), тоҷикон.

Деҳа 3 мактаби миёна, 3 китобхона, 2 клуб, кинотеатр, 3 пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, ошхона, 2 сартарошхона, 2 устохонаи дӯзаидагӣ, 2 боғча-яслӣ ва меҳмонхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Сир ва ка­нали «Тоҷикистони Советӣ» обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …