Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Паллавҳо

Паллавҳо

Паллавҳо, қавми ҳукмрон дар давлати Паллавҳо (асрҳои 3—9) дар Ҳиндустони Ҷанубӣ, дар ҳудуди Тамилнади Шимолӣ. Се сулолаи Паллавҳо маълуманд: (асрҳои 3—6; охири асри 6 — миёнаи асри 8; миёнаи асрҳои 8—9).

Паллавҳо беш аз ҳама дар аҳди Нарасимхи 1 (асри 7) муқтадир гардиданд. Ӯ Чалукҳои Ғарбии Ватанаро торумор карда, ба Тсейлон (ҳозира Шри-Ланка) сар даровард. Соли 893 давлати Паллавҳоро Чола (давлат дар ҷануби Ҳиндустон) барҳам дод. Аз қавми Паллавҳо ҳокимоне маълу­манд, ки асрҳои 10—13 тобеи дигарон буданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …