Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палатаи тиҷоратӣ

Палатаи тиҷоратӣ

Палатаи тиҷоратӣ, п а л а т а и  с а в д о, ташкилоти ҷамъиятиест, ки ба инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, хусусан савдои берунаи байни мамлакатҳои гуногун мусоидат мекунад. Палатаи тиҷоратӣ дар ҳар як мамлакат аз рӯи Устав муайян карда мешавад, ки он тартиби таш­килёбии органҳои роҳхбарӣ ва вазифаҳои онҳоро муайян менамояд.

Палатаи тиҷоратӣ дар мамлакатҳои со­тсиалистӣ намоишҳо ташкил намуда, дар намоишҳои байналхалқӣ иштирок мекунад, оид ба пайдоиши молҳо сертификатҳо медиҳад, экспертизаҳои сифатин молро мегузаронад, дар ҳал ва бартараф намудани масъалаҳои баҳсталаби тиҷоратӣ бе­руна, шартномаҳо ва ғайра иштирок мекунад.

Палатаи тиҷорати м а м л а к а т ҳ о и к а п и т а л и с т ӣ яке аз шаклҳои мутаҳидгардонии доираҳои тиҷоратию саноатии он мамлакатҳост. Вазифаи Палатаи тиҷорат: муайян намудани конъюктураи савдо ва саноат, дарёфтани бозор барои фурӯши мол, аз масъалаҳои иқтисодӣ хабардор карда исто­дани аъзоёни худ ва ғайра. Аз ҷиҳати ҳуқуқ Палатаи тиҷорати мамлакатҳои капиталистӣ ду навъ мешавад: ассотсиатси­яи хусусӣ, ки дар асоси аъзоии ихтиёрӣ ташкил меёбад ва ташкилоти характери давлатидошта.

П а л а т а и  байналхалқии т и ҷ ор а т ӣ (ПБТ), ки соли 1920 таъсис ёфтааст, ташкилоти ғайридавлатӣ буда, доираҳои сармоядорон ва фирмаҳои 88 мамлакатро муттаҳид мекунад. Вазифаи асосии он: мусоидат намудан ба беҳтаршавии шароити савдои байни мамлакатҳои гуногун ва халқӣ проблемаҳои иқтисодии байналхалқист. Қароргоҳаш шаҳри Париж аст. Намояндагони Палатаи тиҷоратии СССР,. РХБ, РХВ, РХП, РСР, РСЧС ва РДГ дар конгрессҳои ПБТ ба сифати мушоҳидачиён ва инчунин дар кори Комитети махсус оид ба робитаҳои ПБТ бо Палатаи тиҷоратии мамлакатҳои сотсиалистӣ иштирок менамоянд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …