Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палатаи доимии суди ҳакамӣ

Палатаи доимии суди ҳакамӣ

Палатаи доимии суди ҳакамӣ, органи арбитражи байналхалқист. Дар асоси Конвенсияи ҳалли осоиштаи мухолифатҳои байналхалқӣ, ки онро Конференсияи 1-уми Гаага (29 июли 1899) ва Конференсияи 2-юми сулҳи Гаага (18 октябри 1907) қабул карда буд, таъсис  ёфтааст. Қароргоҳаш дар Гаага мебошад. Палатаи расмияти ба суди ҳакамӣ муроҷиат намуданд давлатҳоро осос карда, бо ҳалли масъалаҳое машғул мешавад, ки онҳоро бо воситаҳои дипломатӣ ҳал кардан имкон надорад.

Ба ҳайа­ти палата шахсоне дохил мешаванд, ки тарафҳои аҳдкунанда таъин кардаанд (на беш аа 4 нафар аз ҳар як тараф). Ҳатман ба Палатаи муроҷиат кардани давлатҳо шартиест, онҳо метавонанд бомаслиҳат дат ҳар суди ҳакамӣ таъсис дода, ба воситаи он масъалаҳои баҳсталаби худро ҳал карда гиранд. Палатаи органи доимӣ намебошад, Ҳайати муайян ҳам надо­рад, фақат. рӯихати муайяни ашхос (мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналхалқӣ) ҳаст, ки аз ҷумлаи онҳо ин ё он ҳайати суди ҳакамӣ ташкил карда мешавад.

Органи доимии Палатаи Бюрои байналхалқӣ буда, ба фаъолияти он Совети маъмурии доимӣ роҳбарӣ менамояд. СССР иштирокчии Конвенсияи Палата буда, аз соли 1950 ин ҷониб ҳуқуқшиносони советиро ба аъзоии Палата таъин мекунад. Ба ҳайати Палата инчунин 4- нафари ҳуқуқшинос аз РСС Украина ва РСС Бело­руссия ширкат доранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …