Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палассо

Палассо

Палассо (итал. Раlаzzо, аз лот. Раlаtium — қаср; кӯшк, аз номи тали Палатина бармеояд, ки дар он ҷо императорони Рими Қадим қасрҳо месохтаанд), як навъ кӯшки (асри 15) хоси давраи Эҳёи Италия (асосан дар Флоренсия — эҷоди меъморон Ф. Брунеллески, Микелоццо ди Барто­ломмео, Л. Б. Алберти, Бенедетто да Майано).

Палассои қадим бештар аз бинои 3, баъзан 2 ё 4-ошёна иборат буда, пештоқаш ба тарафи кӯча нигаронида шуда буд; маркази компо­зитсионии он ҳавлии дарунӣ ба ҳисоб мерафт, ки он: бо равоқтоқҳо иҳота мегардид. Дар ошёнаи 1-уми Палассо биноҳои маъмурӣ, дар ошёнаи 2-юм меҳмонхонаҳо, дар ошёнаи 3- юм хонаҳои истиқоматӣ ҷой мегирафтанд.

Палассоҳои давраҳои аввал баъзе хусусиятҳои санъати қасрсозии асрҳои миёнаро нигаҳ доштаанд. Дар Палассои асри 16 (меъморон Д. А. Браманте, Ҷ. ва А. да Сангалло, Рафаэл, Б. Перусси, Микеланҷело, Б. Буонталанти, Б. Амманати — бештар дар Рим ва Флоренсия; А. Палладио дар Виченса, М. Санмикели дар Верона) меъморон кӯшиш мекарданд, ки сохти бино бо муҳити атроф ва на­мои бино бо ҳавлии дарунӣ мутаносиб бошад. Ба бисёр Палаасоҳо хусу­сиятҳои маҳаллӣ хос буданд. Палассоҳои бошукӯҳи Венетсия (меъмор Я. Сан­совино ва дигарарон) ва Генуя Г. Алесси ва дигарон) аз ҳамин қабиланд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …