Маълумоти охирин

Паланг

Паланг, ҳайвони даррандаест аз оилаи гурбашаклҳо. Дарозиаш то 160 см, вазнаш бештар аа 70 кг (Паланги нарина аз Паланги модина вазнинтар аст).

Гавдааш бақуавати сермушак буда. пойҳояш нисбатан кӯтоҳ аст. Рангаш зардтоб ё маллаи холдори сермӯй. Палангҳои сиёҳ; низ (дар Ҳиндустон) ҳастанд. Паланг дар Африка (ба ҷуз биёбони Саҳрои Кабир), Осиёи Пеш ва Ҷанубӣ, СССР — дар Кавказ, дар кӯҳистони Тоҷикистон, Туркманистон ва кишвари Уссурийск зиндагӣ мекунад. Асосан сумдорҳо (буз, гӯсфанд, гавазн ва ғайра) ва баъзан ҳайвоноти хонагӣ (асп, саг, гов ва ғайра), инчунин паррандаю хояндаҳоро шикор мекунад.

Дар Ҳиндустон Палангҳое ҳастанд, ки ба одам ҳам ҳуҷум ме­кунанд. Саршумори Паланг рӯз то рӯз кам шуда истодааст. Махсусан, солҳои 50—60 асри 20 бо мақсади аз пӯсташ палто духтан (дар Африка) Палангро бераҳмона- қир карданд. Камшавип Паланг боиси афзоиши ҳайвоноти ба кишт зараррасон гардид.

Ад.: Чернышов В. И., Фауна и эко­логия млекопитающих тугаев Таджикис­тана, Д.,‘ 1958.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …