Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паладе Ҷорҷ Эмил

Паладе Ҷорҷ Эмил

Паладе Ҷорҷ Эмил (таваллудаш 19. 11. 1912, ш. Яссы, Румы­ния), биолог ва тситологи америкоӣ, аъзои АФ миллии ШМА, академияи санъат ва фанҳои Америка. Баъди хатми Университети Бухарест то соли 1946 дар Институти анатомияи ҳамон ҷо кор кардааст.

Соли 1946 ба ШМА муҳоҷират карда то соли 1973 мудири шӯъбаи биологии ҳуҷайраи Институти тадқиқоти тиббии Рокфеллер буд. Аз соли 1973 профессор ва мудири шӯъбаи мактаби тиббии Университети Йелск. Асарҳои асосии Паладе ба тадқиқи электронию микроскопии ултраструктураҳои ҳуҷайра оиданд. Соли 1953 аввалин шуда доир ба рибосомаҳо (гра­нулаҳои Паладе) ва митохондрия тавсиф додааст. Лауреати Мукофоти нобелӣ (1974; ҳамроҳи К. До Дюв ва А. Клод).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …