Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пак Тимофей Петрович

Пак Тимофей Петрович

Пак Тимофей Петрович (1. 9. 1940, pайони Чирчиқи Болои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон—6. 6. 1982, Душанбе), вирусо­логи советӣ, доктори илмҳои тиб (1978). Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст (1965). Солҳои 1965—67 эпи­демиологи Стансияи са­нитарию эпидеми­ологии Ӯротеппа ва Саруправленияи санитарию эпиде­миологии Вазорати нигаҳдории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон буд.

Солҳои1968—70 ҳодими хурди илмӣ, 1971—73 котиби илмӣ ва дар як вақт аз соли 1971 мудири лаборато­рияи экологияи арбовирусҳои Институти тадқиқоти илмии эпидемиология ва гигиенаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон, Солҳои 1977—78 роҳбари шуъбаи сироятҳои вирусии расо хавфноки лабораторияи совети тадқиқоти илмии микробиологӣ ва вирусологии Ваворати нигаҳдории тандурустии СССР дар хориҷа буд. Пак муаллифи 98 асару мақолаҳои илмист. Асарҳои ӯ ба масъалаҳои ryногуни экологияи арбовирусҳо ва роли онҳо дар бемориҳои сироятӣ оиданд. Пак аъзои Правлениям Ҷамъияти илмии микробиологҳо, эпидемиологҳо ва паразитологҳои Тоҷикистон буд.

Асос: Крымская геморрагическая ли­хорадка в Таджикистане, (ҳамроҳи Л. И. Михайлова), Душанбе,      1973; Экологическая

география вирусов крымской геморра­гической лихорадки и лихорадки Кон­го. (хамрохя А. Д. Лебедев ва А. Мелиев), Москва 1980.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …