Маълумоти охирин

Пажмурда

Пажмурда, касалиест, ки дар барг, шоха ва дигар уавҳои растанӣ пайдо мешавад ва сабабаш сустии тургор аст; аксаран дар рӯи барг доғҳо пайдо мешаванд. Ҳангоми аз микроорганизмҳои паразит (бакте­рия, занбӯруғ, баъзан вирус ва микроплазмаҳои иллатнок шудани узвҳои растанӣ, ҳамчунон, дар натиҷаи осеби механикии реша, бухори бошиддати оби баргҳо, нарасидани об ва таъсири дигар омилҳои номусоид мушоҳида мешавад. Ба Пажмурда ҳам гиёҳ ва ҳам дарахт гирифтор мешаванд. Пажмурда яке аз намудҳои сироятии каса­лии растанӣ (масалан, вилт) ва ё аломати касалӣ аст.

Агар Пажмурдаро бакте­рия ба вудуд оварад, трахеобактериоз, занбуруғҳои патогенӣ ба вудуд оваранд, трахеомикоз меноманд. Ангезандаҳои Пажмурда дар хок ё боқимондаи растанӣ зиндагӣ меку­нанд ва ба воситаи реша ба баргу пояи растанӣ дохил мешаванд. Мод­даҳои заҳрноке, ки микроорганизмҳо ҷудо мекунанд, боиси якбора суст шудани тургори ҳуҷайра мегарданд.

Усулҳои мубориза: киштигардон кардани зироати хоҷагии қишлоқ, истифодаи ҳамаи усулҳои агротехникии коркард ва таркиби хок, ки ба ғуншавии оби хок (ҳангоми нарасидани об) ё пешгирӣ кардани сарфаи бефоидаи он кӯмак мерасонад, заҳролуд кардани тухмӣ, ғундоштан ва бо решааш сӯхтани растании касал, шудгори чуқури тирамоҳӣ, маҳви алафҳои бегона, парвариши дуруст, истифодаи дурусти нурӣ, кишти навъҳои ба касалӣ тобовар. Нигаред виз Фузариозхо.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …