Пажду Зардушт

Пажду Зардушт ибни Баҳ­ром (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 13 форс-тоҷик. Дар оилаи пайравони зардуштия ба дунё омада, худ низ яке аз рӯҳониёни дини мазкур буд. Аз ҳусни таваҷҷӯҳи Пажду ба дину оини бостони Эрон осори боқимондаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд.

Яке аз таълифоти машҳури Пажду «Зардуштнома» мебошад, ки дар асоси қиссаву ривоятҳои авестоӣ ва паҳлавӣ оид ба Зардушт таълиф гардидааст. Пажду асари дигари паҳлавӣ — «Ардавирофнома»-ро низ ба риштаи назм кашидааст. Назми Пажду аз ҷиҳати бадеият чандон баланд набошад ҳам дар ҳифз ва интишори киссаву ривоятҳои Эронӣ бостон хидмати арзандае кардааст.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

nophoto

МУҲАММАДҲУСАЙН СОБИРИ ТАБРЕЗӢ

МУҲАММАДҲУСАЙН СОБИРИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳаттот, наққош, ҷадвалкаш, лаввоҳи асри 17. Шогирди …