Главная / Гуногун / Паҳншавии ғояҳои марксизм-ленинизм дар Тоҷикистон

Паҳншавии ғояҳои марксизм-ленинизм дар Тоҷикистон

Паҳншавии ғояҳои марксизм-ленинизм дар Тоҷикистон, чун дар тамоми сарзамини Осиёи Миёна бо паҳншавии марк­сизм дар Россия бевосита алоқаманд аст. Сарфи назар аз мақсадҳои таҷовузкорона ва истилогаронаи ҳукумати подшоҳӣ ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна аҳамияти про­грессивӣ дошт.

Пайдо шудани коргарон, сар шу­дани ҷунбшиҳои стихиявии меҳнаткашон ба муқобили зулми иҷтимоии мустамликавӣ ва ба вуҷуд омадани ташкилотҳои сотсиал-демократӣ заминаҳои муҳимми дар Осиёи Миёна паҳн гардидани ғояҳои марксизм-ленинизм буданд. Соли 1902 нахустин гурӯҳҳои сотсиал-демократӣ дар Тошкент ба вуҷуд омаданд. Соли 1905 дар Ташкент, Чорҷӯ, Хуҷанд, Самарқанд, Урсатевск, Марв, Андиҷон, Қӯқанд ва Кушка ташкилотҳои сотсиал-де­мократӣ амал мекарданд. Маъхазҳои мавҷуда шаҳодат медиҳанд, ки дар ибтидои асри 20 дар Туркистон, аз ҷумла дар Хуҷанд адабиёти марксистӣ, асосан варақаҳои револютсионӣ паҳн мешуданд. Масалан 21 ноябри соли 1905 сардори уезди Хуҷанд ба губернатори ҳарбии Самарқанд хабар росонд, ки «… дар Хуҷанд мутолиаи ахборот дар бораи моҳияти ҳаракати ободихоҳӣ давом дорад, ғояҳои сотсиалистӣ дар байни аскарон аз тарафи аҳолӣ тартиб карда мешаванд».

Дар Осиёи Миёна дар паҳн кардани ғояҳои марксистӣ-ленинӣ ва ба­рои дар рӯҳияи револютсионӣ тарбия кардани меҳнаткашон газетаи лени­нии «Искра» саҳми арзанда гузоштааст. Ин газетаро соли 1902 дар Туркистон мехонданд. Дар Осиёи Миёна нашрияҳои дигари РСДРП низ паҳн мешуданд.

Соли 1904 дар  «Ахборот дар бораи съезди дуюми РСДРП» ва нашрҳои дигари РСДРП паҳн карда шуд. Сотсиал-демократҳои рус, ки онҳоро ҳукумати подшоҳӣ ҳамчун «унсурони беэътимод» ба ҷойҳои дурдаст бадарға мекард, барои дар Осиёи Миё­на паҳн кардани ғояҳои марксизм- ленинизм хизмати бузург кардаанд. Соли 1903 дар ин чунин 59 муҳоҷири сиёсӣ буд. Онҳо бо намояндагони пешқадами халқи тоҷик, ӯзбек ва ғайра ҳамнишин шуда, онҳоро бо комёбиҳои маданияти демократии рус шинос мекарданд. Револютсионерони рус таълимоти К. Маркс, Ф. Энгелс, В. И. Ленинро фаъолона тартиб ме­намуданд. Солҳои 1902-1904 ибтидои паҳн шудани ғояҳои марксистӣ-ле­нинӣ дар Осиёи Миёна; аз ҷумла дар Тоҷикистон буд. Алалхусус баъди револютсияи солҳои 1905—1907 ин ҳодиса қувват гирифт. Дар ин давра пропаганда фаъоли адабиёти марксистӣ-ленинӣ яке аз вазифаҳои муҳими ташкилотҳои сотсиал-демократӣ буд, ки ба бедории шуури сиёсии меҳнаткашон мусоидат кард.

Солҳои револютсияи 1905—1907 дар Осиёи Миёна асарoои К. Маркс ва Ф. Энгелс «Манифести Партияи Ком­мунист», «Капитал», «Револтсcия ва контреволютсия дар Германия», «Аҳволи синфи коргар дар Англия», «Анти-юринг», «Оид ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» ва монанди инҳо паҳн шуданд. Болшевикони Туркистон аз марказ мунтазам газетаҳои бол­шевикии «Вперёд», «Пролетарии»-ро мегирифтанд, ки дар онҳо бисёр мақолаҳои В. И. Ленин чоп мешу­данд. Ғайр аз мақолаҳои газета китобчаҳои В. И. Ленин «Мактуб ба рафиқ». «Дар бораи вазифаҳои ташкилии мо», «Аз нав дида баромадани программаи аграрӣ», «Маърӯза дар бораи съезди муттаҳидкунанда», «Ба камбағалони қишлоқ»  мутолиа ме­шуданд. Губернатофи ҳарбии вилояти Самарқанд хавфи пурзур шудани фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои сотсиал-демократиро қайд карда, тобистони соли 1905 ба генерал-губернатори Туркистон навишта буд, ки дар вилояти Самарқанд «… акнун агитатсияи сиёсӣ хеле аён аст ва кас дилпур шуда наметавонад, ки вай дар ояндаи наздик вусъат намеёбад ва гавҳрҳои уездиро фаро намегирад» (бисёр районҳои шимолии Тоҷикистон он вақт ба вилояти Самарқанд дохил мешуданд). Газетаҳои «Самарқанд», «Русский Туркестан» дар паҳн намудали ғояҳои марксистӣ-ленинӣ аҳамияти хос доштанд,

Дар арафаи Револютсияи Кабири Сотсиалии Октябр дар паҳн намудани ғояҳои марксис­тӣ-ленинӣ саҳми коргарони ақибгоҳ калон буд. Ғояҳои мазкур дар Тоҷикистон дар шароити хеле душвор паҳн мешуданд. Зеро сафи пролетариат кам, қисми аҳолӣ бесавод ва таъсири идеологияи ислом пурзур буд. Вале хеҷ кадоми он ба роҳ ёфтан ва паҳн шудани таълимоти зафаровари Маркс, Энгелс, Ленин монеъ шуда натавонист.

Ғалабаи Револбтсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар таърихи паҳншавии ғояҳои марксизм-ленинизм давраи нав буд. Дар натиҷаи ғалабаи револютсияи со­тсиалистӣ дар Тоҷикистон ва дигар- гуниҳои сотсиалистӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ марксизм-ленинизм ба идеологияи ҳукмрон табдил ёфт. Нашри осори марксистӣ дар республика ба роҳ монда шуд. Ниг. низ Осори Маркс ва Энгелс.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …