Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паҳнкирмҳо

Паҳнкирмҳо

Паҳнкирмҳо к и р м ҳ о и м у саттаҳ (Рlathelminthes), як гурӯҳи ҳайвонҳои бемӯҳраи дараҷаи пастро гӯянд, ки озод ё паразитона ҳаёт мегузаронанд. Баданашон байзашакли ҳамвор ё дарозрӯяи яклухт ва ё банд-банд дарозиашон аз 0,1 то чанд м; сӯрохии даҳон дар ноҳияи қисми пеш ва баъзан қафо (аз тарафи шинам) ҷой гирифтааст. Намудҳои паразитии Паҳнкирмҳо узвҳои махсус — пистонак, чангак ва хартумча доранд ва бо онҳо ба «соҳибашон» мечаспанд. Аксари Паҳнкирмҳо мақъад надоранд. Бинобар ин ҷудошавии об, маҳсули мубодила ва дигар моддаҳо дар онҳо ба воситаи протонефридинҳо (найчаҳое, ки ба берун кушода мешаванд) ба амал меоянд.

Системаи асабашон аз мағз, ки дар қисми пеши бадан ҷойгир аст ва торҳои чуфт-ҷуфти яққад иборат мебошад. Бо пӯст нафас мегиранд. Системам гардиши хун надоранд. Дар аксари Паҳнкирмҳо узвҳои ҳозима нестанд ва агар бошанд ҳам, ниҳоят соддаанд. Бештарин Паҳнкирмҳо хунсоянд. Қариб 6 ҳазор намудашон, ки ба 4 синф (кирмҳои мӯякбадан, тасмакирмҳо, трематодаҳо ва моногенсяҳо) тақсим меша­ванд, дар тамоми олам паҳн шудаанд. Онҳо дар хушкию об зиндагӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон Паҳнкирмҳои паразит дар моҳиҳо, паррандаҳо, гурӯҳҳои гушогуни ҳайвоноти ширхур ва одам мушоҳида шудаанд.

Ад.: Шульц Р. С., Гвоздев К. П., Основы общей гельминтология, т. I. 1978; Г а ф у р о в А., Жуки — промежуточные хозяева гельминтов Таджикистана, Д.. 1978.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …