Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паҳлугардҳо

Паҳлугардҳо

Паҳлугардҳо (Thomisidae), як оилаи бандпойҳоро гӯянд, ки ба қатор тортанакҳо мансубанд. Андозаашон то 10 мм мешавад. Тапашон як андоза ҳамвор, пойҳояшон дароз-дарозанд. Монанди харчапги баҳрӣ паҳлунокӣ ҳам тез давида метавонанд ва сабаби «Паҳлугардҳо» ном гирифтанашон низ ҳамин аст. Доми тӯрин намесозанд; ба тӯъмаашон ногаҳон ҳамла мекунанд. Зиёда аз 1600 (дар СССР бештар аз 110) намудашон маълум аст. Дар гули растаниҳо аксар Паҳлугардҳои гул (Misamena vatia) дучор меоянд; дар гули сафед фардҳои сафедранг, дар гули зард фардҳои зардранг маскун мешаванд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …