Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паҳлуасабҳо

Паҳлуасабҳо

Паҳлуасабҳо, нармбаданҳои паҳлуасаб (Аmphineura), як зертипи ҳайвонҳои бемӯҳраи ба нармраданҳо монандро гӯянд. Гӯшмоҳии баъзе Паҳлуасабҳо аз 8 лавҳачаи бо ҳам наслшудаи мутаҳаррик иборат аст;

баъзе намудашон гӯшмоҳӣ надоранд. Паҳлуасабҳо ба ду синф — нармбаданҳои зиреҳакдор ва SOlenogastres тақсим мешаванд. Ба синфи якум хитонҳои растанихӯр мансубанд, ки онҳо аксар дар ноҳияҳои соҳили баҳр зиндагӣ мекунанд. Ба синфи дуюм Паҳлуасабҳоое дохил мешаванд, ки дар қаъри баҳр маскунанд; онҳо кирммонанд буда сохташон хеле содда мебошад. Дарозиашон то 30 см мешаванд. Аз Паҳлуасабҳо Neomenia ва Chaetoderma  бештар маълуманд. Дар баҳрҳои СССР хитоиҳо хеле бисёр буда, намояндаҳои синфи дуюм кам дучор меша­ванд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …