Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Паҳлавон Маҳмуд

Паҳлавон Маҳмуд

Паҳлавон Маҳмуд (1247, Хоразм-1326, Хева), шоири форс-тоҷик. Таълими ибтидоиро дар Хёва гирифта, ҳунари пӯстину телнакдӯзиро низ омӯхтааст. Баъдтар сафари шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустону Эронро ихтиёр намуда, дар ин кишварҳо ҳамчун паҳлавони машҳур ном баровард. Дар Хева аз олам даргузашт. Мақбарааш дар шаҳр барҷост. Паҳлавон Маҳмуд бо тахаллуси  «Қитолӣ» ғазал эҷод карда, бо номи «Канз-ул-ҳақоиқ» маснавие сурудааст, вале то ҳол дастрас нагардида­нд. Паҳлавон Маҳдуд асосан дар рубоисароӣ муваффақият пайдо карда, дар ин ҷода сабки Умари Хайёмро пайравӣ менамуд.

Дар рубоиёти Паҳлавон Маҳмун мавзуоти лирикиву пандуахлоқӣ ва фалсафй ба ҳам омехтаанд. Ӯ мардумро ба покниҳодӣ, ақлу инсоф, вафодорӣ, донишу фазилат ва сарбаландӣ мехонад. Ашхоси ҷоҳилу нодон, замонаи ситамгор, фалаки бедодгар, аҳли риё, мардуми нопоку дунро танқиду мазаммат кардааст. Рубоиёти Паҳлавон Маҳмуд аз ҷиҳати мантиқи сухан ва бадеият комиланд. Нусхаҳои дастнависи рубоиёти Паҳлавон Маҳмуд дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон маҳфузанд. Чанде аз онҳо ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуда, дар якҷоягӣ бо матни аслии тоҷикӣ нашр гардидаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …