Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Паҳлавон Абусаиди Румӣ

Паҳлавон Абусаиди Румӣ

Паҳлавон Абусаиди Румӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз. навозанда ва мусиқишиноси асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Рум. Паҳлавӣ илмҳои бадеъ, фалсафа ва риёзиётро мукаммал омӯхта, доир ба саноеи бадеӣ ва мусиқӣ рисолаҳо таълиф кард. Барои такмили ҳунару дониш ба Ҳирот омада, бо Дарвеш Шоҳӣ ҳамкорӣ кардааст.

Аз таснифоташ «Амали Рост» ба усули мақоми «Рост» ва шӯъбаи «Панҷгоҳ» дар давраш хеле маъмул будааст. Ӯ дар назарияи мусиқӣ рисолае таълиф кардааст, ки онро Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ чун яке аз таснифоти умда ва нодири мусиқӣ ном бурдаанд. Паҳлавон зиёда аз 40 навозандагону сарояндагон тарбия кар­дааст, шеърҳои неку низ мегуфтааст ва дар гӯштингирӣ ҳам маҳорати том доштааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …