Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Паҳлавиён

Паҳлавиён

Паҳлавиён, сулолаи шоҳони Эрон (1925—1979). Ризошоҳи Паҳлавӣ (1878—1944) асосгузори Паҳлавиён буд. Ӯ диктатураи буржуазию помешикиро барқарор намуда, дар соҳаи заминдорӣ, суд, молия, савдо, маданият ва ғайра. ислоҳот гузаронд (1925—1930). Ҳаракатҳои демократиро бераҳмона пахш, фаъолияти Партияи Коммунистии Эронро манъ карда (1931), сиёсати шовинистиро пеш гирифт. Дар ибтидои ҳукмронии Ризошоҳ муносибати Эрон бо СССР қадре мӯътадил гашта, соли 1927 дар бораи таъмини бетарафӣ шартнома ба имзо расид. Вале ҳукумати Паҳлавиён соли 1937 бо Германияи фашистӣ наздик шу­да, ба такягоҳи фашизм дар Шарқи Миёна ва платсдарми қувваҳои зиддисоветӣ табдил ёфт. Соли 1941 сиёсати Ризошоҳ шикает хурд ва 16 сентябр ӯ маҷбур шуд, ки тахти шоҳиро ба писараш Муҳаммад Ризои Паҳлавӣ вогузорад.

Дар ибтидои ҳукмронии Муҳам­мад Ризо (1919—1*ӯ980) ҳаракати демократию зиддифашистӣ вусъат ёфта, иттифоқҳои касаба ба вуҷуд омаданд. Соли 1941 Ҳизби тӯдаи Эрон (ҲТЭ) ташкил ёфт. Баъдтар роли қувваҳои иртиҷоӣ боз афзуда, ҳаракатҳои демократӣ таъқиб карда мешуданд. Аз соли 1945 ҳаракатҳои демократии зиддифеодалӣ ва зиддиимпериалистӣ аз нав қувват гириф­та, озарбойҷонию курдҳои Эрон ба­рои ҳуқуқҳои автономӣ мубориза сар карданд. Шоҳ ҲТЭ-ро пароканда карда, роҳбарони ҳаракатҳои демократиро ҳабс ва ба қатл мерасонд. Соли 1949 ба конститутсия тағйирот дароварда шуд, ки он хуқуқи шоҳро боз ҳам зиёд кард. 29 октябри 1951 ҳукумати фронти миллӣ таш­кил гардид, ки он агентҳои англисро аз мамлакат ронда, сиёсати милликунонии нефтро пеш шрифт.

Соли 19513 иртиҷои дохилӣ бо мадади ШМА ва Англия табаддулот гузаронида, аъзоёни ҳукумати миллиро ба ҳабс гирифт. Муҳаммад Ризо, ки ба хориҷа фирор карда буд, ба Эрон баргашта, таъқиботро давом дод ва дар иқтисодиёти мамлакат мавқеи капитали хориҷӣ (ШМА, Англия)-ро мустаҳкамтар намуд. Эрон соли 1955 ба СЕНТО дохил шуд. 5 марти 1959 байни Эрону ШМА шартноман ҳарбӣ ба имзо расид. Солҳои 1960—1961 муборизаи коргарон, хизматчиён, дёҳқонон, донишҷӯён, зиёиён, як қисми буржуазияи миллӣ ба муқобили империализми ШМА ва боқимондаҳои феодалӣ авҷ гирифт. Соли 1960 фронти миллӣ фаъол шуда, аъзоёни он барои ислоҳоти демокра­тӣ муборизаро пурзур карданд. Барои эмин доштани режими худ Муҳаммад Ризошоҳ солҳои 60 як қатор ислоҳот (ислоҳоти обу замин, милликунонии ҷангал, ба коргарон фурӯхтани як қисми саҳм (акция)-и корхонаҳо, ба занҳо додани ҳуқуқи интихоботӣ, маҳвӣ бесаводӣ ва ғайра) гузароняда, онро «инқилоби сафед» номид. Шоҳ барои нигоҳ доштани мавқеи худ солҳои 60—70 бо СССР ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ муносибати мӯъ­тадил барқарор кард. Дар аҳди ӯ байни СССР ва Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, мадани якчанд шартномаҳо ба имзо расиданд.

Шоҳ ва аъзоёни оилааш бойгарии мамлакатро азони худ медонистанд. Иштирокчиёни намоишу ҳаракатҳо ба ҷазою таъқиби политсини махфӣ (Созмони амният ва иттилооти кишвар— САВАК) гирифтор мешудаид. Соли 1977 дар байни халқи Эрон ҳаракату шӯришҳои зиддиамерикоӣ, зиддиимпериалистию зиддишоҳӣ сар шуд. Дар натиҷа январи 1978

револю­тсия сар зад. 10-11 феврали 1979 намояндаи охирини Парна Муҳаммад Ризои Паҳлавӣ сарнагун ва 31 март Эрон республикаи исломӣ эълон кар­да шуд.

Ад.: Сафари X.. Борьба за револю­ционное демократическое обновление, «•Проблемы мира и социализма». 1979.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …