Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Паҳнкӯҳи Сибири Миёна

Паҳнкӯҳи Сибири Миёна

Паҳнкӯҳи Сибини  Миёна, паҳнкӯҳи фарохест дар қисми марказии Осиёи Шимолӣ, дар ҳудуди РАСС Ёқут., кишвари Краснояр ва вилояти Иркутски РСФСР. Дар Ҷануб бо кӯҳҳои Саяни Шарқӣ, Наздибайкал ва Пасибайкали Шимолӣ, дар Ғарб бо ҳамвории Сибири Ғарбӣ, дар Шимом ва Шарқ бо па.тии Сибири Шимолӣ, инчунин ҳамворит Ёқутистони Марказӣ ҳамсарҳад мебошад. Паҳнкӯҳи Сибини  Миёна дар ҳудуди Платформои Сибир ҷойгир аст. Масоҳаташ қариб 3,5 млн км2. Баландиаш ба ҳисоби миёна 500—700 м. қитъаҳои нисбатан баландӣ он дар Шимолу Ғарбӣ, дар массивҳои пуштакӯҳи Путорана (1500—1700 м) воқеъ гаштаанд.

Қисми зиёди Пахнкӯҳи Сибири Миёна ҳавзаи кӯҳҳои Тунгускаи Миёна, Тунгускаи Ми­ёна, Ангара ва болооби дарёи Вилюйро дар бар мегирад. Аз сарватҳои зеризаминӣ маъдани никел, мис, оҳан, инчунин тилло, алмос, шпати исландӣ, графит, магнезит, боксит, абрақ, намаксанг, ангиштсанг, нефт, гази табии ва ғайра дорад. Кӯҳҳои калонтаринаш Тунгускаи Поён, Тунгускаи Миёна, Ангара, Лена (бо Вилюй), Хатанга, Анабар ва Оленёк. Иқлими нахдкӯҳ ниҳоят континентӣ; ҳарорати миёнаи январ аз — 20°С то — 44°С, июл аз 12°С то 20°С. Боришоти соло­на дар Шарқ 200—350 мм, дар Ғарб 400— 500 мм (дар пуштакӯҳи Нуторана 700—800 мм).

Қисми зиёди Паҳнкӯҳи Сибири Миёна дар зонаи тайга воқеъ аст, ки дар он чҷо бешаҳои дарахтонашои сӯзанбарг бисёранд. Қисми шимолӣ пуштакӯҳҳои Путорана, Сиверма ва баландиҳои массиви Анабарро тунд­рам кӯҳӣ фаро гирифтааст. Ва олами ҳайвоноти тундра лемминг, рӯбоҳи шимолӣ, заргушт, гавазни шимолӣ, барои тайга бошад, шоҳгавазн, қа­барға, хирси малла, росомаха (қундузи тайга), гург, рӯбоҳ хос аст. Аз паррандаҳо титан ва дурроҷ ҳаст. Дарёҳо хелҳои гуногуни моҳии сибирӣ доранд. Аз ҳайвонҳои мӯинадор санҷоб, самур ва муши обӣ мавҷуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …