Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Паганини Никколо

Паганини Никколо

Паганини (Paganini) Никколо (27. 10. 1782, Генуя —27. 5. 1840, Нисса), скрипканавоз ва бастакори италиявӣ. Аз оилаи савдогар. Аз синнн 11-солагӣ дар консертҳо иштирок дошт. Аз соли 1797 дар Италия ва аз 1828 дар бисёр мамлакатҳои Европа баромад кардааст. Паганини яке аз асосгузорони романтизми мусиқист. Ӯ шунавандаро бо образҳои мусиқии шоирона, тахайюлоти дурпарвоз, тазодҳои драмавӣ, маҳорату ғайрати бемисли навозандагиаш мафтун мекард.

Яке аз ҷиҳатҳои намоёни фаъолияти Паганини озодона ва бадеҳатан навохтану эҷод намудани асар буд. Ҳаёти Паганини, ки саршори лаҳзаҳои романтикиву воқеоти марғуб буд ва худ қиёфаи «азозилнамо» дошт, дар бораи шахсияти вай ривоятҳои зиёде бофтаанд. Руҳониёни католики Паганиниро барои озодфикриаш таъқиб мекарданд. Ин буд, ки ҳатто дафни Паганиниро дар Италия манъ карданд. Танҳо пас аз чанд сол ҷасади ӯро ба Пар­ма оварданд. Г. Гейне дар повести «Шабҳои Флоренсия» (1836) образи Паганиниро офаридааст.

Паганини бастакори бузург буда, <#24 кап­риччо» барои скрипка, 2 консерт ба­рои скрипка бо оркестр, квартету сонатаҳо барои скрипка ва гитара, якчанд песаву вариасияҳо эҷод кардааст, ки онҳо дар таърихи муси­қӣ мақоми махсус доранд. Баъзе асарҳои скрипкавии Паганиниро Ф. Лист, Р. Шуман, И. Брамс, С. В. Рахмани­нов дар эҷоди худ истифода бурдаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …