Маълумоти охирин

Падуя

Падуя (Padova), шаҳрест дар Италияи Шимолӣ, дар вилояти Венесия. Маркази маъмурии музофоти Падуя. Аҳолиаш 240 ҳазор нафар (1975). Узели муҳими нақлиёт; шаҳрро канали киштигард бо баҳри Адриатика мепайвандад. Саноати химия (истеҳсоли нахи сунъӣ), мошинсозӣ. (истеҳсоли дастгоҳ, асбобҳо, велосипед, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, мотор), электротехникӣ, хӯрокворӣ, сабук (пойафзол, дӯзандагӣ), мебел, коғаз ва полиграфӣ ривоҷ ёфтааст.

Дар ин ҷо дар сол яр­маркаи байналхалқӣ мегузарад. Дар шаҳр университет (аз 1222) ва музейҳо ҳаст. Едгориҳои меъмориаш: Палассо делла Раҷоне (1215—1306), бинои университет (аз 1493), калисои ҷомеи Санта-Ма­рия Ассунта (асри 16). Шаҳр асри 4 то милод бунёд ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …