Главная / Техника / Падиддору

Падиддору

Падиддоруи суратгирӣ, маҳлули якчанд моддаҳоест барои аён сохтани акси ноаёни фотографӣ. Акси ноаёни сурати фотографӣ дар натиҷаи ба навори кино ё лавҳаи фотографии ҳассос таъсир кардани равшани ё дигар намуди афканишот пайдо мешавад.

Падиддору ду хел мешавад: муқаррарӣ (ё худ химиявӣ) ва физикӣ. Падидоруи х и м и я в ӣ асосан маҳлулест, ки чор хел моддаро дарбар мегирад: моддаи аёнсозанда, моддаи тезонанда, моддаи сабт ва моддаи, зиддиҳиҷобӣ. Моддаи аёнсозанда (металл, гид­рохинон ва ғайра) нуқраи дар таркиби қабати фотографӣ бударо барқарор мекунад. Моддаи тезонанда (со­да, тезоб ва ғайра) боиси реаксияи ишқории маҳлул гардида, барои тез таъсир кардани моддаи аёнсозанда шароит муҳайё мекунад. Моддаи сабт намемонад, ки Падидору аз таъсири окситени ҳаво тез оксид шавад, инчунин таъсири худи Падидоруро зӯртар мекунад. Моддаи зиддиҳиҷобӣ (КВг, бензотриазол) намемонад, ки дар просесси аёнсозӣ дар рӯи акси фо­тографӣ як навъ ҳиҷоб, яъне пар­да ҳосил шуда, онро хира гардонад.

Faйp аз Падиддоруи муқаррарӣ инчунин Падиддоруҳои махсус ҳам ҳастанд. Масалан, Падиддоруи резахолак, Падиддоруи якрангкунанда, Падиддоруе, к и дар ҳарорати баланд ё паст истифода бурда мешавад ва ғайра.

Барои аёнсозии суратҳои рангаи ноаёни фотографӣ ба Падиддоруи муқаррарӣ ҳосилаҳои парафенилендиамин илова мекунанд.

Падиддоруи ф и з и к ӣ ин моддаҳои аёнсозандаи NajS ва AgNOe мебошанд. Дар айни ин просесс AgN03 чун хокаи резахолаки нуқра барқарор гар­дида, дар ҷойҳои лозими сурати фо­тографӣ таҳшин мешавад. Замини ин гуна суратҳо резахолак буда, ху­ди онҳо равшану возеҳ мешаванд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

parovoz

Паровоз

Паровоз, локомотиве, ки муҳаррики он мошини буғӣ мебошад. Эле­ментҳои асосии Паровоз инҳоанд: деги буғ, мошини …