Маълумоти охирин
Главная / Илм / Падеж

Падеж

Падеж, категорияи грамматикии хиссаҳои номии нутқ (исм, сифат, ҷонишин, шумора) дар забонҳои ҳиндуевропоӣ, туркӣ, фину угорӣ, сомӣ, кавказӣ ва ғайра. Дар забонҳон имрӯзаи эронӣ Падеж дар забонҳои помирӣ, пушту, осетинӣ мавҷуд аст.

Шаклҳои категорияи мазкур муносибатҳои гуногуни байни аъзои мустақил ва ғайримустақили ибораро ифода карда, ба воситаи аффиксҳо ва флексияи дохилӣ ба вуҷуд меоянд. Шумораи Падежҳо дар забондо ҳар хел аст (масалан, дар забони русӣ— 6, забони англисӣ — 2, забони фи­нӣ —15 ва ғайра).

Падеж ба ҳамаи забонҳо ва давраҳои мухталифи инкишофи онҳо хос нест. Чунончи, забонҳои қадимаи эронӣ — авестоӣ, форсим қадим дорои 8 Падеж буданд, вале дар забони имрӯзаи тоҷикӣ ва форсӣ Падеж мавҷуд нест. Дар ин забонҳо вазифаҳои Падежро пешояндҳо, пешоянду артиклҳо ва пасояндҳо иҷро мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …