Маълумоти охирин

Падан

Падан (аэ лотинӣ Pad anus — номп д. По, ки дар байни римиёни қадим маъмул буд), Ҳамвории Лада­ну Венесия, пастии Лом­бардия, ҳамвориест дар шимоли Италия, дар байни кӯҳҳои Аллу Апен­нин ва баҳри Адриатика; қисми зиёдаш дар ҳавзаи дарёи По воқеъ гаштааст. Тулаш қариб 500 километр, бараш то 200 километр (дар Ш.). Падан аз ҷиҳати геологӣ пастхамии тектоникӣ буда, бо таҳшинҳои аллювиалии ғафсиашон то 8 километр пур шудааст. Сатҳи Падан аксаран ҳамвор буда, аз Fарб ба Шарқ тадриҷан паст шуда меравад.

Дар маркази Падан ҳамвориҳои пасти хокашон аллювиалии ҳосилхез, дар канорҳояш ҳамвориҳои баланди регу шағалдор мавҷуданд. Дар қисми шарқии Падан делтаи дарёи По воқеъ буда, баъзе қитъаҳои поёноби дарёи По аз сатҳи баҳр пасттаранд. Иқлими Падан субтропикӣ ва мӯътадил. Ҳарорати миёнаи январ аз О то 4°Селсия, июл аз 22 то 24° Селсия. Боришоти соло­на 600—1000 миллиметр. Барф хеле кам ме- борад. Дар Падан дарё бисьёр. Давраи дамиши об баҳору тирамоҳ. Зуд-зуд обхезӣ ба амал меояд (калонтаринаш солҳои 1951, 1957 ва 1966 рӯй дода буд).

Дар ин ҷо каналҳои обёрӣ, обхушккунӣ ва киштигарди бисёре сохта шудаанд. Бешаҳои дарахтони пахнбарги булут, кастона, зайзафун, шамшод ва беду сафедор, ки чанде пеш Падан ва дарёбоди онро фаро гирифта буданд, ҳоло қариб тамоман решакан шудаанд. Падан ноҳияи калонтарини хоҷагии  қишлоқи Италия мебошад, ки дар он асосан гандум, ҷуворимакка, шолӣ кишт карда мешавад. Токзорҳо ва боғҳои мева низ мавҷуданд. Шаҳрҳои асосиаш: Милан, Турин. Венесия, Болоня.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …