Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Паҳнкӯҳи САРҲАД

Паҳнкӯҳи САРҲАД

САРҲАД, паҳнкӯҳест дар Эрон, дар қисми ҷанубии кӯҳҳои Эрони Шарқӣ. Аз Шимоли Ғарб, ба Ҷануби Шарқ ба масофаи 400 километр тӯл кашидааст, бараш 200 километр. Баландии қаторкӯҳҳояш 2500 —3000 метр, пастхамиҳои фарохи байни онҳо — қариб 1500 метр.

katorkuh

Қуллаи баландтаринаш 4042 метр (вулқони хомӯшшудаи Тафтон, ки қариб тамоми сол барфпӯш аст) Ландшафти Сарҳад биёбонию нимбиёбонӣ буда, дар онҳо асосан хорбуттаҳо мерӯянд; болотар аз 2000 метр даштҳои кӯҳианд. Нишебиҳои пасти паҳнкӯҳ ба киштзори лалмӣ табдил дода шудаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …