Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОГНОЗИ ЗИЛЗИЛА

ПРОГНОЗИ ЗИЛЗИЛА

ПРОГНОЗИ ЗИЛЗИЛА, мафҳуми сейсмологист, ки ҷою вақт ва қувваи заминҷунбиҳои сахтро муайян мекунад. Прогнози зилзила зимни мушоҳидаи тағйироти параметру ҳодисоти гуногуни атрофи Замин (ҳам дар қаър ва ҳам дар атмосфераи он) ба амал бароварда мешавад. Аномалияи назаррас, ки аз қиматҳои мутавассити пеш аа зуҳури зилзилаҳои сахт бадастомада фарқ мекунад, нишонаҳои зилзила номида мешавад. Ин нишонаҳо дар марҳилаҳои гуногуни тадорук пайдо мегарданд. Вобаста ба ин се навъи асосии Прогнози зилзила мавҷуд аст: дарозмуддат, миёнамуддат ва кӯтоҳмуддат.

p-zaminjunbi

Прогнози зилзилаи дарозмуддат дар харитаҳои имрӯзаи ноҳиябандии зилзила оварда шуда аст, ки онҳо аксаран дар мавзеъҳои гуногун ба амал омадани зилзилаҳои 7, 8 ва 9-балларо нишон медиҳанд (ниг. Зилзила). Ин маълумот аз рӯи такрорёбии зилзилаҳои миёнабалла муайян карда мешаванд. Дар баъзе минтақаҳо ба сифати нишонаи дарозмуддати Прогнози зилзила ба ном мафҳуми «оромиши сейсмикӣ»-ро низ истифода мебаранд. Қатъи назар аз он, ки дар гузашта зилзилаҳои сахт ба вуқӯъ омадаанд, дар ин минтақаҳо ба муддати зиёд хомӯшии зилзила мушоҳида меша­вад. Энергияи зилзилаи сахти оянда ва вақти ба вуқӯъ пайвастани он зимнн давомоти «оромиши сейсмикӣ», савияи энергетикии зилзила ва муҳити фарогирии он тақрибан баҳо дода мешавад. Аз рӯи тағйирёбинои тӯлонии суръати деформатсияи сатҳи Замин, ки дар нақбҳои махсуси сохташуда бо ёрии тамоилсанҷу деформографҳо чен кар­да мешаванд, тағйир ёфтани режи­ми сейсмикӣ, даври хуруҷ кардани ҳодисоти сейсмикӣ ва баъзе дигар аломатҳо прогнози дарозмуддатро тартиб медиҳанд. Прогнози зилзилаи дарозмуддат имконияти аз як то чанд сол ва Прогнози зилзилаи миёнамуддат аз як моҳ то як сол ба вуқӯъ омадани зилзилаи сахтро муайян мекунад.

Прогнози зилзилаи миёнамуддат дар асоси чен кардани механизми манбаъҳои сусти зилзила ва қуввати миёнаи зилзилаи мавзеъҳои тадқиқшаванда, аномалияҳои суръатҳои паҳноиши мавҷҳои сейсмикӣ дар қаъри замин, тағйир ёфтани муқовимати ҷинсҳои кӯҳӣ ҳангоми аз онҳо гузаштани ҷараёни баландқувва, омилҳои геохимиявии муҳит, аз ҷумла обҳои гарми чоҳҳо (радон, гелий, карбон ва дигар элементҳо), фишор ва қарорати оби гармчашмаҳо ва ғайраҳо тартиб дода мешаванд. Одатан ҳама гуна тағйирот дар воҳиди вақт шакли мавҷӣ мегиранд, яъне бузургии параметрҳо бо оҳистагӣ нишеб (ё худ фароз), сонӣ боз фароз (ё худ нишеб) мераванд ва дар марҳилаи ба савияи нормал расидан заминҷунбии сахти пешбинишуда ба вуқӯъ меояд. Параметрҳое, ки чен кардани онҳо зарур аст, дар қаъри Замин номунтазам паҳн шудаанд, аз ин рӯ муайян кар­дани мавзеи асл, қувва ва вақти вуқӯи зилзила душвортар мегардад.

Нишонаҳон кӯтоҳмуддати заминҷунбӣ то чанд рӯз, ё худ то чанд соати ба вуқӯъ пайвастани зилзила зоҳир мешавад. Дар масоҳати як андоза калон (баъзан дар радиуси то 1000 км) вобаста аз қуввати заминҷунбии оянда ба куллӣ тағйир ёфтани тамоюл ва деформатсияи сатҳи Замин, вектори майдонӣ магнитии Замин, мизони ҷараёнӣ оби чоҳҳо ва ҳавзаҳои табииро мушоҳида мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо афканишоти радиомавҷи акустикиро қайд кардаанд, лаппиш ва партави ионосфера ва афрузишҳои равшаниро мушоҳида намудаанд. Одамон ҳанӯз аз давраҳои ка­дим мушоҳида кардаанд, ки дар наздикиҳои маркази заминҷунбиҳои сахт чанд соат пеш аз вуқӯи офати табиӣ ҳайвонҳо, мурғу хазандаҳо бесаранҷом мешаванд.

Ба туфайли инкишофи илмҳои сейсмологӣ миқдори нишонаҳое, ки пешомади заминҷунбиро муайян мекунанд, то рафт зиёд шуда истодааст. Тахмине меравад, ки зилзилаҳои фалокатбор ҳама гуна ниташонаҳои замикҷунбиҳои дарозмуддат, миёнамуддат ва кӯтоқмуддатро доранд. Зилзилаҳои иқтидорашон миёна танҳо нишонаҳои заминҷунбиҳои миёнамуддат ва кӯтоҳмуддатро дошта метавонанду бас.

Азбаски фарқияти тамоюли па­раметри нишонаҳои зилзилаҳои миёнамуддат ва кӯтоҳмуддат дар ҷараёни вақт гуногунанд, бинобар ин боэътимодии ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ чандон баланд нестанд. Аз ин рӯ, ҳолатҳои барғалати нишонаҳои заминҷунбӣ низ мушоҳида шудаанд. Бо ин мақсад дар тартиб додани Прогнози зилзила ба таври комплексӣ истифода бурдани ҳама гуна нишонаҳои заминҷунбӣ ҳатмист.

Дар вақти ҳозира методҳои тартиб додани Прогнози зилзила чандон боэътимод нестанд. Дар республикаҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, инчунин дар як қатор ноҳияҳои зилзилахези СССР бо мақсади баланд бардоштани боэътимодии Прогнози зилзила марказҳои регионалӣ таъсис ёфтаанд. Роҳбарияти марказии Прогнози зилзилаи осиёимиёнагӣ ба ӯҳдаи Институти сейсмоло­гия ва сохтмони зилзилабардори АФ РСС Тоҷикистон аст. Дар республика доир ба зиёд кардани пунктҳои сейсмо­логӣ, гузаронидани мушоҳидаҳои тамоюлӣ, магнитӣ, геохимиявӣ, ин­чунин доир ба автоматонидани коркарди натиҷаҳои мушоҳида чораҳо андешида истодаанд.

Ад.:       Поиска предвестников земле­ трясений на прогностических полигонах,

М., 1974; Бабаев А. М., К о ш л а к о в Г. В., Мирэоев К. М., Сейсмическое районирование Таджикистана, Д.. 1978; Сборник советско-америкаских работ по прогнозу землетрясений, т. I. кн. 1—2, Д. М., 1976—79.            К. Мирзоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …