Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОТЕНСИАЛИ ЭЛЕКТРОСТАТИ­КӢ

ПОТЕНСИАЛИ ЭЛЕКТРОСТАТИ­КӢ

p-ele

ПОТЕНСИАЛИ ЭЛЕКТРОСТАТИ­КӢ, бузургии энергетикии скалярӣ, ки майдони электростатикиро тавсиф медиҳад. Потенсиали электростатикӣ ба нисбати энер­гияи потенсиалии таъсири мутақобили заряду майдон бар бузургии ин заряд баробар аст. Потенсиали электростатикӣ муодилаи Пуассонро қонеъ мегардонад. Потенсиали электростатикӣ бузургии нисбӣ буда, ба монанди энер­гияи потенсиалӣ то садедии ягон бузургии доимӣ муайян карда мешавад ва мазмуни физикӣ надорад, фақат фарқи потенсиалҳо (шиддати электрӣ) мазмуни физикӣ дорад, аз ин рӯ дар амал одатан фарқи потенсиалҳоро ҳисоб мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …