Маълумоти охирин
Главная / Илм / Озоносфера

Озоносфера

Озоносфера, қабати озонии ат­мосфера, ки аз сатҳи Замин дар ба- ландии 10—50 километр ҷойгир аст; миқдори асосии озон дар он қисми Озоносфера ғун мешавад, ки аз сатқи Замин дар баландии 20—25 километр воқеъ аст.

Пайдоиши озонро дар Озоносфера ва паҳншавии онро дар баландиҳои гуногун назарияи фото химия  шарҳ медиҳад. Озон радиасияи Офтобро фурӯ мебарад, бинобар он қисми аз ҷиҳати биологи фаъоли радиасияи Офтоб то сатҳи Замин омада намерасад. Дар натиҷаи чунин фурӯбурди ра­диасия қарорати қабати Озоносфера баланд мегардад.

Барои тадқиқи озони Озоносфера намунаи ҳавои аз баландиҳои гуно­гун гирифташударо таҳлил мекунанд ва асбобҳои оптикии (спектро­фотометр ва ғайра) дар сатҳи Замин ё дар дохили зонду ракетаҳо ҷой додашударо истифода мебаранд. Дар асоси маълумоти Озоносфера характери аз тарафи атмосфера фурӯ бурдашудани радиасияи Офтоб муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …