Маълумоти охирин

Озониоз

Озониоз, решатосаки Те­хасӣ, касалии хеле хавфноки растанӣ, ки занбӯруғи хокӣ (Ozonium omnivorum) меангезад; касалии карантанй. Ба решаи зиёда аз 2000 намуди растанӣ зарар мерасонад. Барги растании касал аввал зард, баъд пажмурда шуда, тез мехушкад.

Озониос дар ШМА ва Мексика паҳн шудааст ва аз он пахта, юнуҷқа, дарахтони мева ва орошӣ хеле за­рар мебинанд. Ангезандаи Озониос ба во­ситаи хок, кӯчат (бехмева, пиёзак ва ғайра) паҳн мешавад. Ч о р а ҳ о и  мубориза — чораҷӯиҳои карантин (Нигаред Карантин).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …