Маълумоти охирин
Главная / Илм / Озон

Озон

Озон (аз юн. ozo — бӯй мебарорам), Оз, шакли аллотропии оксиген.

I Озонро бори аввал соли 1785 физики голландӣ М. ван .Марум аз рӯи бӯи махсус ва хосияти оксидкунандагии ҳаво, ки ҳангоми аз он гузаронидани шарораи электр зоҳир мегардад, ошкор намуд. Озон дар шароити мӯътадил моддаи газии таркандаи кабудтоб буда, бӯи махсуси тез дорад. Дар об нағз (дар (ГС 0,394 грамм/литр) ҳал мешавад.

Зичиаш нисбат ба оксиген 1,5 ва нисбат ба ҳаво 1,62.; t ҷӯш.— 112е Селсия ва t гудозиш— 192,7° Селсия. Озон моддаи ноустувор аст. Baй дар табиат дар зери таъсири разрядҳои электрон раъду барк, оксидшавии моддаҳои анфтмонанд, ҳангоми кафшери электрӣ ва ғайра ҳосил мешавад. Дар саноат ва лаборатория Озонро аз ҳаво ва оксиген бо таъсири шарораи электр дар озонатор ҳосил мекунанд.

Қисми зиёди Озони атмосферо, ки қабати озоносфераро ташкил мекунад, дар баландии 10—50 километр воқеъ гаштааст. Озони атмосферӣ дар таъмин намудани шароити ҳаёт дар рӯи За­мин мақоми зиёд дорад. Вай аз як тараф ба паҳн шудани нурҳои ултрабунафши офтоб, ки барои ҳаёт зарарнок аст, монеъ мешавад.

Аз тарафи дигар бошад, нурҳои инфра- сурхи аз Замин ба ҳаво паҳншавандаро фурӯ бурда, Заминро аз хунук шудан амин медорад. Озон оксидкунандаи зур буда, барои ҳосил кардани бисёр моддаҳои органикӣ, беранг кардани коғаз, равған ва ғайра истифода мешавад. Озон гази заҳрнок (ҳатто аз гази ғубори ангишт ҳам заҳрноктар) буда, миқдори аз 10-5% зиёди он дар ҳаво хафнок аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …