Маълумоти охирин

Озодмоҳи

Озодмоҳи (Salmonidae), оилаи моҳист аз қатори шӯрмоҳӣ. Дар дарё, баҳр ё уқёнусҳои Нимкураи шимолӣ зист мекунад. Баъзе намуҳояш дар обҳои Нимкураи ҷанубӣ низ муқимӣ гаштааст. Оилаи Озодмоҳӣ 9 ҷинсро дарбар мегирад, аз ҷумла Озодмоҳии уқёнуси Ором (Oncorhynchus), Озодмоҳии охридӣ (Salmoihymus), Озодмоҳии хушзот (Salmo) ва ғайра. Зиёда аз 10 намуди Озодмоҳӣ (аз 7 ҷинс) дар СССР дучор мешавад. Аз Озодмоҳӣ дар Тоҷикистон гулмоҳӣ вомехӯрад.

Сайди яксолаи Озодмоҳӣ дар ҷаҳон то ба 10 миллион сентнер мерасад. Озодмоҳиро дар шакли тоза, шӯр ва дудхӯрда истеъмол ме­кунанд. Аз вай инчунин консерва тайёр мекунанд. Маҳсулоти қиматтарини Озодмоҳӣ тухми сурхи шури Озодмоҳии уқёнуси Ором ба ҳисоб меравад. Солҳои охир шумораи бисёр намудҳои Озодмоҳӣ (кетанерка ва ғайра) кам шуда истодааст.

Адабиёт: Никольский Г. В., Частная ихтиология, Москва, 1971; Биологические ос­новы рыбного хозяйства Средней Азии и Казахстана, Душанбе, 1976.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …